Феъли ахлоқӣ чист?
Гуфторе аз шаҳид Мутаҳҳарӣ дар муқаддимаи “Фалсафаи ахлоқ”
“Ҳеч бовар мекунед, ки ин ҳама уламо ва файласуфон ва донишмандоне, ки дар дунё пайдо шудаанд ва ин ҳама кашфиёти илмӣ ва мӯшикофиҳои фалсафӣ, ки дар масоил шудааст ва дар бисёре аз онҳо тавофуқи назар пайдо шуда, яъне масъала ва мушкил ҳал шуда – дар риёзиёт, дар физик, дар табиӣ, дар фалсафа, дар мантиқ садҳо масъала метавон пайдо кард, ки масоил ҳал шудааст – вале ҳамин луғати маъмулӣ (яъне ахлоқ) ҳанӯз ҳал нашуда, ба ин маъно, ки тавофуқи назар дар бораи он вуҷуд надорад.
Агар масалан мо аз Афлотун ва Суқрот бипурсем, ки феъли ахлоқӣ чист, як ҷур бароямон таъриф мекунанд ва агар аз Арасту, ки шогирди Афлотун аст бипурсем, ҷури дигар таъриф мекунад ва таърифи Афлотунро саҳеҳ намедонад. Агар аз Эпикур бипурсем, ҷури дигар таъриф мекунад, аз равоқийун бипурсем, ҷури дигар таъриф мекунанд, аз калбийун бипурсем, ҷури дигар таъриф мекунанд, аз суфастоиён бипурсем, ба наҳви дигаре таъриф мекунанд.
Агар сафаре ба Ҳинд биравем ва китобҳои ҳиндуҳо ва ахлоқи ҳиндиро мутолеа бикунем, мебинем ҷури дигар таъриф мекунанд. Будо ба гунае таъриф карда, Конфутсий ба гунаи дигар таъриф кардааст. Урафои худамон ҷуре таъриф мекунанд.
Дар дунёи ҷадид, ҳар файласуфе як навъ системаи ахлоқӣ пешниҳод мекунад ва ахлоқ дар мактаби ӯ бо ахлоқ дар мактабҳои дигар мутафовит аст. Масалан, ахлоқи Нитше асосан зидди аксари ахлоқҳои дигари дунёст. Ахлоқи Макиавеллӣ як ахлоқи махсус дар дунёст, ахлоқи марксистӣ як навъ ахлоқи махсус дар дунёст. Чаро ин тавр аст?…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Фалсафа ахлоқ)
Қаламонлайн