Фили сиёҳ – 2

Адаб

Фили сиёҳ – 2

Достони кӯтоҳ

Бахши дуввум

Фирдавси Аъзам

Гузашти замон наметавонист маро аз эҳсоси мудом зериназар будан, раҳоӣ бахшад. Тамоми кӯшишамро мекардам; тавсияҳои пизишкро бо диққат иҷро менамудам ва пас аз гирифтани чанд рӯз рухсатӣ, бори дигар ба сари кор баргаштам. Рӯзҳо гузашт ва намедонам чӣ шуд, ки дигар он ҳаюло падидор нашуд, аммо ҳузураш ҳамчунон дар зеҳнам сангинӣ мекард. Дар хобу бедорӣ, дар маҳали кор, ҳини истироҳат, вақти сигоркашӣ, дар ҳаммом ва ҳатто дар он лаҳзаи наздикӣ бо Гулрӯ сояи ӯ ҳамроҳам буд. Баъзе вақтҳо фили сиёҳ рӯбарӯям зоҳир мешуд; гоҳе номаръӣ чун насим, гоҳе бузург чун кӯҳ. Бо хартумаш рӯи деворҳои хона нақшҳои каҷукилебе мекашид; ҳич кадоме аз он нақшҳои соядор комилу рӯшан набуданд.

Ҳарчанд ба тавсияҳои дуктур амал карда, борҳо ба дафтари равоншинос рафтаам, аммо хотираи он шаб ҳанӯз дар умқи ҷонам лангар андохта аст. Шабҳое ҳаст, ки кобусҳои ваҳшатзада сукуни шабро ба ҳам мезананд ва фарёдҳоям бачаҳоро аз хоб бедор мекунанд; саги сиёҳ мехоҳад дасту пойҳоямро газад, даҳони бӯйноку бедандони Мирзокарим баробари чашмонам муҷассам мешавад. Ҳар бор, ки аз ҳошияи он хиёбон мегузарам, аз рӯи ғариза наметавонам аз болои шона ба ҳамон нуқта нигоҳ накунам.

* * *

Чанд ҳафта гузашт. Кам-кам эҳсос мекардам, ки ҳолам беҳтар мешавад. Ҳарчанд, ки ҳанӯз нишоне аз нигарониҳои қадимӣ боқӣ монда буд. Аммо як баъд аз зуҳр иттифоқе уфтод, ки ҳама чизро дигаргун кард. Ману Тарона дар ҳоли бозгашт аз мактаб будем. Аз шодӣ дар либосаш намегунҷид. Он рӯз аз устодаш тақдирнома гирифта буд. Офтоб ҳамчунон гарму дурахшон метобид.

Вақте вориди осонбари сохтмон шудем, ҳанӯз ду табақа боло нарафта, ногаҳон бо як ларзаи ҳавлнок осонбар мутаваққиф шуду чароғҳояш хомӯш гаштанд. Ҳис кардам табдил ба як сандуқи ҷодуӣ шудааст, ки дар он фили сиёҳ бо ҳавасмандии беандоза ба ман нигоҳ мекунад. Бо ин исти ногаҳонӣ, гӯӣ рӯҳ аз баданам канда шуду дили ман ҳам қариб аз тапидан истод. Ҳамеша тарс аз осонбар доштаам, аммо ин бор ваҳшат дигар буд. Ибтидо тасаввур кардам шояд касе онро нигоҳ дошта аст, вале бо гузашти сонияҳо дар боз нашуд. Пойҳоям ларзиданд. Тарона, ки ваҳшатро аз суратам хонда буд, бо дастҳои меҳрубонаш дастамро гирифту бо садои ором пурсид: «Додо, чаро меларзед?» Муҳкам бағалаш кардаму дунболи калимае будам. Аммо дар ҳақиқат худам беш аз ҳар замоне ниёз ба дилдорӣ доштам. Эҳсос мекардам ҳамон ҳузури торику сангин, ки дар кобусҳоям дунболам мекунад, ҳоло даруни осонсур аст. Саъй кардам нафасҳои амиқ бикашам ва ба тамринҳое, ки пизишк тавсия карда буд, фикр кунам, аммо дилам мисли дили гунҷишки захмӣ мезад.

Мекӯшидам худамро ба даст гирам, вале ҳар бор, ки ба тугмаҳои осонбар даст мезадам, ҷавобе намеомад. Торикию сукут, ки акнун моро иҳота карда буд, андак-андак бар ваҳшатам меафзуд. Даричаи нафаскашии дилам тангтару бориктар мешуд; бо садои ларзон, ки калимаҳо дар гулӯям руст мемонданд, гуфтам: «Ч…чизе нест, духтарам.» Тарона, ки ҳанӯз дар оғӯшам буд, тапиши музтариби қалбамро аз наздик эҳсос мекард. Бо овози орому мутмаин гуфт: «Натарсед додо, ҳатман ҳолӣ ягун нафар мебиёду дурусташ мекунад. Ману очамам як бор дарунаш мондем.»

Вожаҳои содааш дилгармкунанда буданд. Бо вуҷуди фишори пайдарпаи тугмаҳо ҷаъбаи оҳанӣ ҳамчунон сокиту беҳаракат буд. Аз ломпи шишаии сақф нури камҷоне рӯи сарамон пилт-пилт мезад. Чеҳраи худамро медидам, ки бо сояҳои тарснок ҳамроҳ мешуд. Тарона ором ба назар мерасид. Инҷо низ гӯшиам ҳамроҳам набуд то ба шумораи изтирории навишташудаи болои дари осонбар тамос бигирам. Ҳаҷми ҳаво дар ҳоли коҳиш буд. Чизе дубора ба ҷонам чанг зад: агар фили сиёҳ он боло аз пушти шишаи сақф ба поин биёяд, чӣ?

Дастони ларзонам достони изтироберо, ки муддатҳо пеш таҷриба карда будам, дубора зинда карданд. Осонбари борик ҷояшро ба утоқи хафакунандаи боздоштгоҳ дод. Худамро дар ҳуҷраи камнуру танг медидам, ҷое ки бӯи талхи дуди танбоку фазоро ишғол карда буд. Нигоҳҳои тираю мусаммами бозҷӯҳо монанди найзае бар рӯҳам фурӯ мерафтанд. Ҳамонҳое, ки қалами тезамро аз дастонам гирифта, зери чакмаҳои сангинашон ба тикка-тикка карданд. Дар ҳоле, ки танам меларзид, бо наворчасби хокистариранги ғафсе даҳонамро муҳру мум карданд. Айнакамро шикастанд ва бо хандае тамасхуромез қоби холиашро дубора рӯи биниям ҷой доданд. Зоҳиран аз таҳқир карданам саршор аз лаззат буданд. Аз паси қоби айнаки бешиша медидам, ки чеҳраҳояшон бо ҳар фарёде, ки мекашидам, ба шаклҳои ҳавлноке тағйир мекард; хирс, шағол, саг, фил, каркас, арра, табар, қайчӣ, пӯсти муз…

Дар он лаҳза ба ҷуз хонавода, ғурбат ҳавопаймо ҳич чизе дар зеҳнам намечархид…

Эҳсоси дастони кучаки Тарона, ки бо меҳрубонӣ арақи пешониамро пок мекард, маро аз он утоқи хафакунанда дур ва ба даруни осонбар овард. Дар ҳоле ки чашмҳояш саршор аз оромиш буд, ба ҳарфҳояш идома дод: «Он рӯз манам худи Шумо тарсидам, додо, аммо баъд очам гуфт, ки ҳозир касе мебиёду дарро мекушод ва ҳамин хел ҳам шуд. Натарсед, камтарак тоқат кунем, мебиёнд. Муаллиммон як бор гуфта буд баъзан чизҳоеро, ки аз онҳо метарсем, фақат дар зеҳнамун мебинем. Ин чизҳо…»

Дуруст дар ҳамин лаҳза садое аз берун баромад, садои ошно: «Онҷо чӣ гап аст?» дар ҳоле ки иттифоқро барояш шарҳ додам, рафту зуд баргашт. Бо абзоре ба дар зад ва пас аз чанд лаҳза даҳони осонбар гушуда шуд. Мард ҳамсояи лаҳистониямон буд. Нури рӯшану ҳавои дилчасби поизӣ вориди осонбар шуду хунукии он суратамро навозиш кард. Дилам рӯшан шуд. Осонбар ҳамон тавр ки фикр мекардам, байни табақаи дуюму сеюм дармонда буд. Тарона, ки пирӯзиву ғурур дар нигоҳаш барқ мезад, гуфт: «Дидед, рост гуфтам. Ҳоло истед гапи дигари муаллимро ҳам айнан гӯям. Ӯ гуфта буд, ки мо худамон тарсҳо ва хиёлотамонро дар зеҳнамон месозем. Дидед, омаданд ва дарро кушоданд. Рӯшанӣ ҷои сиёҳиро гирифт. Агар шумо ҳам худи ман фикр кунед, тарсҳо аз зеҳнатон пок мешаванд. Ба гуфти муаллимамон хатпоккун дар дасти худамон аст. Хуна, ки расидем, наққошиҳоямро нишонатон медиҳам.»

По ба по, зинаҳоро паймуда, дар дилам орзу мекардам, ки эй кош метавонистам покию шуҷоати духтарамро дошта бошам. Даруни осонбар ба ҷои инки қуввати дилаш бошаму муҳаббати падаронае ба ӯ бахшам, нақши як одами буздилро бозӣ кардам. Ба хотири ин худкамбинӣ аз худам нафратам омад. Ҳамин тарсҳои лаънатӣ ҳастанд, ки маро ба як одами тарсу, гӯшагир ва афсурда табдил кардаанд. Ҳамин эҳсосоти бемаъниву беҳудаанд, ки занҷире ба пойҳоям баста, намегузоранд бо хонаводаам берун биравам ва аз ҳар дами кӯтоҳи зиндагӣ, чун оббозии сода, пиёдаравӣ ё сафари кӯтоҳ лаззат барам. Чиқадр он рӯз, ки лаби руд нишаста будему шодмонии он мусофирони киштиро медидем, ҳисси шигифтангезе буд.

Фирор аз гузашта бефоида аст. Шояд танҳо роҳи ҳалл, пазируфтан ва ба даст овардани шуҷоат барои рӯёрӯӣ бо тарсҳоям бошад. Тарона дуруст мегӯяд; мумкин аст ин тарсҳо фақату фақат дар анбори торики зеҳни худам сокин бошанду чизе ҷуз сароб набошанд.

Бо ҳамин андеша, даст дар дасти Тарона зина ба зина боло рафтем. Гӯӣ аз бағали як кӯҳи бузург боло меравем, бидуни кучактарин эҳсоси мондагӣ. Бо дили пур аз умед.

Ба хона расидем. Атри хушу мондагори оши палав ба истиқболамон омад. Тарона, ки чашмонаш аз шавқу ҳаяҷон медурахшид, пеш аз инки кафшҳояшро дароварад, бе диранг коғази сафедеро аз борхалтаи мактабияш берун кашид ва бо лабханди гарм ба дастам дод. Рӯи коғаз тасвири қоиқе буд, ки ҳамаи мо дохилаш ҳастем ва аз он сӯи кӯҳҳои сабзпӯш, ки осмонро ламс мекунанд, анвори рӯшани офтоб ба сӯямон лабханд мезананд. Чашмонам пур аз ашк шуд.

Бо тулӯъи хуршед аз хоби амиқу роҳат бархестам, ҳамоно бо ҳисси шӯрангезу дилнишин, ки тамоми вуҷудамро пур карда буд. Дар он субҳ, он қадр худамро саршор аз нерӯ ва сабукӣ меёфтам, ки гӯӣ бол даровардаю омодаи парвозам. Рӯҳи тоза бо насими форами зиндагӣ, дар тору пудам дамида буд.

Аз дили пардаҳо, офтоб ба оромӣ ба дохили утоқ метобиду нури нарму талоиро дар фазо пароканда мекард. Ба сӯи утоқи бачаҳо рафтам; ҳанӯз дар зери патуҳояшон ба оромӣ мехобиданд. Бедорашон кардаму оромона гуфтам: «Субҳ шуд, хезеееед, вақти бедор шуданай»

Он субҳ, як рӯзи одӣ набуд, балки фасли саршор аз ҷашни зиндагӣ буд. Як рӯзи бошукӯҳу дилангезу рӯшан, дақиқан мисли шоҳкоре, ки духтарам кашида буд.

Шояд фосила аз хона ва диёру дурӣ аз азизонам буд, ки базри тарсу инзиворо дар зеҳнам парвариш дода? Шояд ҳам ин инзивоу афкори манфии мудовими худам буд, ки сояҳои торикро бар зиндагиам афканда. Ҳоло, ки дубора дар канори хонаводаам, гармои муҳаббати онҳо ҳамаи яхҳоро об карда ва дар лабҳоямон табассумҳо мисли ҷавонаҳои баҳорӣ шукуфа задаанд.

Имрӯз ва рӯзҳои дигар мо барномаҳое дорем, ки пур аз зиндагӣ ва шодианд: гардишҳои хонаводагӣ, варзишҳои дастаҷамъӣ, кӯҳпаймоӣ, қадам задан дар канори рӯдхонаи зебои Нерис, мусобиқоти ошпазӣ дар хона ва сафар ба ҷангалҳои атрофи шаҳр.

Он шаб, дар хоб, Мирзокаримро дидам; дар интиҳои кӯчаи мактаб истода буд бо дандонҳои дурахшони садафмонанд, ба сӯям лабханд мезад. Чашмҳояш медурахшиданд. Дар канораш саги сафеду кучак бозигӯшона думашро такон медод ва худашро ба ман мемолид. Пушти сари онҳо Фили сафеду хурде чашмҳояшро бо меҳр ба чашмҳоям духту гуфт: “Бе тарс ба ман нигоҳ кун, чизе, ки меҷӯӣ, дар дили ҳамин сояҳо пинҳон аст.”…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Партоби 8 мушак аз сӯйи Ҳизбуллоҳ ба мавозеи низомиёни исроилӣ
Масъули исроилӣ: “Меҳвари шиа таҳдидкунандаи Исроил ва кишварҳои миёнарави исломӣ аст”

Матолиби пурбоздид