Филми Рисолат

Фарҳанг

Филми Рисолат

Нукоте дар бораи филми “Рисола”, шоҳкори Мустафо Аққод

Фарҳанг

Дар бораи филми мондагори “Рисола” ё ҳамон “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)”-и Мустафо Аққод, бисёр гуфтаанд ва навиштаанд ва ҳар он чи бояд гуфта шавад, гуфтаанд. Дар ин гузориш, ба муносибати вилодати босаодати ҳазрати Муҳаммад (с), ба воковии дубораи масире, ки ин филм ба саранҷом расид ва онро мондагор кард, пардохта мешавад.

Мустафо Аққод, коргарони филми “Рисола”, қасд дошт шахсияти Паёмбари исломро ба ғарбиҳо муаррифӣ кунад ва боварҳои ғалатро дар мавриди дини мубини ислом аз миён бардорад; коре бошукӯҳу боазамат ва филме бузургу холисона. Сохти ин филм барои Аққод ҳам чандон осон набуд, ӯ мехост филмро ҳамзамон дар 2 нусхаи англисӣ ва арабӣ бо номи “Рисола” бо 2 гурӯҳ бозигарони мутафовит бисозад. Ба ӯ пешниҳод шуда буд, ки нақши Билолро ба Муҳаммад Алӣ, муштзани маъруфи омрикоӣ бидиҳад ва ҳатто фишорҳое ҳам аз ин ҳузур вуҷуд дошт, аммо Аққод метарсид шӯҳрати Муҳаммад Алӣ бар аҳдофи маънавии филм соя афканад ва аз ин рӯ аз ҳузури Муҳаммад Алӣ худдорӣ кард.

Аққод, бо вуҷуди ин ки дар Омрико дарс хонда буд ва пойи муҳкаме дар Омрико дошт, натавонист таҳиякунандагони ҳоливудиро қонеъ кунад. Онҳо намехостанд пулашонро пойи филме барезанд, ки қаҳрамони аслиаш (яъне ҳазрати Паёмбар (с)) ҳузур надошт.

Кишварҳои навпойи исломӣ баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, беш аз синамо, ба фикри тасбити худашон буданд. Кувайт ва Арабистон ибтидо мувофиқат карданд, вале бо мухолифати уламои тундрав, инсироф доданд. Марокаш то ними кор, ҳамроҳи пружа буд, вале баъд зераш зад. Саранҷом Муаммар Қаззофӣ, ҳокими Либӣ ба шарти ин ки Аққод баъд аз ин филм, филме дар бораи Умар Мухтор бисозад, иҷоза дод то мобақии филм дар Либӣ кор шавад.

Авҷи фишор бар Аққоди 44-сола, навиштани филмномае буд, ки ҳам мавриди таъйиди мазоҳиби исломӣ бошад ва ҳам чолиши адами ҳузури қаҳрамони аслиро маҳор кунад. Аққод барои навиштани филмнома суроғи Ҳери Киги ирландӣ рафт. Киги 50-сола баъд аз танзими аввалии филмнома бо Аққод, як сол дар ҳутеле дар Қоҳира иқомат кард.

Ӯ бо кӯмаки 5 филмноманависи арабтабор, филмномаи ниҳоиро варақ ба варақ менавиштанд ва ба Донишгоҳи Алазҳар мефиристоданд. Масъулони ин донишгоҳ ҳам баъд аз ислоҳот, ҳар варақро мӯҳри таъйид мезаданд. Аққод филмномаро баъдан ба Лубнон бурд ва таъйиди уламои шиъаро гирифт.

Саранҷом филм бо ҳазинаи 10 милюн дулор сохта ва аз 9 марти 1977 дар синамоҳои Омрико ва аз 8 июли 1977 ба Туркия расид ва 15 милюн дулор даромад касб кард. Бо вуҷуди намоиши ҷаҳонии филм, дар баъзе кишварҳои исломӣ монанди Миср ва Сурия (зодгоҳи Аққод) ин филм иҷозаи пахш наёфт.

Нусхаи ангилисии ин филм дар Эрон дубла шуд ва сармашқи филмсозии таърихӣ ва мазҳабӣ қарор гирифт. Ин филм он қадр муҳимму таъсиргузор буд, ки 14 сол пеш, Вазорати дифоъи Омрико қабл аз ҳамла ба Афғонистон, 100 ҳазор нусха аз онро харид ва ба сарбозонаш дод, то бибинанд.

Аққод филми “Рисола”-ро дар 2 нусхаи арабӣ ва англисӣ бо 2 гурӯҳ бозигарони араб ва байналмилалӣ пеш бурд. Тавҷеҳи Аққод ин буд, ки таркиби 2 нигоҳ имкон надорад. Нусхаи арабӣ, комилтар ва бо ҷузъиёт ва балоғати адабии бештар ҳамроҳ буд, аммо нусхаи байналмилалӣ бештар ҷилваи басарӣ дошт.

Аққод аввал иҷоза намедод бозигарони араб ва ҷаҳонӣ дар канори ҳам бошанд чун ҳис мекард, ки фазои рақобат байнашон эҷод мешавад, аммо баъд дид тавзеҳоти бозигарони араб дар бораи ислом ва Паёмбар ба бозигарони байналмилалӣ ва ҳамин тавр интиқоли таҷрибиёти бозигарони ҷаҳонӣ ба бозигарони араб, хеле ҷолиб ва кӯмаккунанда аст.

Мусиқии филми синамоии “Рисола”, танҳо бахше аз филми Мустафо Аққод буд, ки дар ҷамъи номзадҳои 50-умин маросими Ускор қарор гирифт, ҳарчанд ҷоиза ба “Ҷанги ситорагон” расид.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дурӯғҳои бузург ба номи ИЛМ
Чаро ва чигуна жопуниҳо пешрафт карданд?

Матолиби пурбоздид