Филми “Масти ишқ”
Ахбори фарҳангӣ
Драмаи торихӣ-ошиқона, маҳсули муштараки Эрон ва Туркия, ба коргардонӣ ва нависандагии Ҳасани Фатҳӣ ва таҳиякунандагии Меҳрони Баруманд.
Филм давроне аз зиндагии Мавлоно ва шамси Табрезиро бо нақшофаринии Порсо Пирузфар ва Шаҳоби Ҳусейнӣ (Эрон) ба тасвир мекашад.
Илова бар ҳунарпешагони эронӣ, бозигарони Туркия монанди Бенсу Сурол, Ҳонде Арчал ва Иброҳим Чиликкул низ дар ин филм нақшофаринӣ кардаанд.
Филми “Масти ишқ” дар синамоҳои Эрон дар ҳоли экрон аст ва бо як истиқболи беназире рӯ ба рӯ шудааст.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: