Филмҳои таърихӣ бояд сохта шавад

Ахбори ҳунарӣ

Филмҳои таърихӣ бояд сохта шавад

Ахбори фарҳангӣ: Ахбори синамои тоҷик

Агарчӣ баъд аз истиқлол, санъати кинои тоҷик, пас аз муддате вақфа, ба фаъолиятҳои худ идома додааст, аммо ба гуфтаи бисёре аз коргардонон ва соҳибназарон, ҳанӯз бояд корҳои зиёде ба анҷом бирасад. Ба гуфтаи ин соҳибназарони санъати синамо, мавзӯоти таърихӣ бояд бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад.

Аз ҷумла, коргардони синамо, Бақо Содиқов, ки дар Бухоро сокин шудааст, дар мусоҳибаи худ бо ASIA-Plus гуфтааст, кинои тоҷик имрӯз мушкилоти зиёде дорад, аммо яке аз самтҳое, ки метавонад моро муваффақ гардонад, таҳияи филм дар мавзуоти таърихӣ мебошад.

Ӯ мегӯяд, ҷаҳониён аз таъриху тамаддуни ориёӣ дар ҳайрат мондаанд: Куруш, Анӯшервон, Ардашер, Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил… Аммо инҳоро чаро  дар кинои тоҷик намебинем? Филме дар ин мавзӯъ дидаед?…

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳунар ва ҳунарманд
Ҳикматнома

Матолиби пурбоздид