Фирқаи ноҷия кадом аст?

Фирқаи ноҷия кадом аст?

Назари шайх Шинқитӣ дар бораи фирқаи наҷотёфта

Шайх Муҳаммадҳасан ад-Даду маъруф ба Шинқитӣ, донишманди исломӣ, дар барномае, дар бораи мақулаи “фирқаи ноҷия” сухан кард ва бо баёни ин ки баъзеҳо худро фирқаи ноҷия (наҷотёфта) ва бақияро ҳалокшуда гумон мекунанд ва мегӯянд, ки мо наҷотёфтаем, гуфт: “Дар ҳоле, ки фирқаи ноҷияе нест. Асосан, дар рӯзи қиёмат фирқае вуҷуд надорад. Рӯзи қиёмат, одамҳо ба сурати фард-фард маҳшур мешаванд, на ба сурати фирқа ё мазҳаб ва ё миллат:

وَكُلُّهُمْ آتِيهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَرْدًا

“Ва ҳамагӣ дар рӯзи растохез такку танҳо ва ба сурати фардӣ назди ӯ (Худованд) ҳозир мешаванд.” (Марям/95)

يَوْمَ تَأْتِي كُلُّ نَفْسٍ تُجَادِلُ عَنْ نَفْسِهَا وَتُوَفَّى كُلُّ نَفْسٍ مَا عَمِلَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ

“Ба ёд оваред рӯзеро, ки ҳар кас (дар фикри хештан аст ва) ба дифоъ аз худ бармехезад ва натиҷаи аъмоли ҳар касе бе каму кост ба ӯ дода мешавад ва ба онҳо зулм нахоҳад шуд.” (Наҳл/111)

وَلَا يَسْأَلُ حَمِيمٌ حَمِيمًا

“Ва ҳеч дӯсти самимӣ суроғи дӯсташро намегирад!” (Маориҷ/10)

يَوْمَ يَفِرُّ الْمَرْءُ مِنْ أَخِيهِ. وَأُمِّهِ وَأَبِيهِ. وَصَاحِبَتِهِ وَبَنِيهِ. لِكُلِّ امْرِئٍ مِنْهُمْ يَوْمَئِذٍ شَأْنٌ يُغْنِيهِ

“Дар он рӯз (растохез) инсон аз бародари худ фирор мекунад ва аз модару падараш ва зану фарзандонаш. Дар он рӯз ҳар кадом аз онҳо вазъе дорад, ки ӯро комилан ба худ машғул месозад.” (Абаса/34-37)

Ва дар қироате:

لِكُلِّ امْرِئٍ مِنْهُمْ يَوْمَئِذٍ شَأْنٌ يعنیه

Ва дар идомаи он Худо мефармояд:

يَوَدُّ الْمُجْرِمُ لَوْ يَفْتَدِي مِنْ عَذَابِ يَوْمِئِذٍ بِبَنِيهِ. وَصَاحِبَتِهِ وَأَخِيهِ. وَفَصِيلَتِهِ الَّتِي تُؤْوِيهِ. وَمَنْ فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ يُنْجِيهِ

“(Ҳар кас гирифтори кори хештан аст,) чунон аст, ки гунаҳкор дӯст медорад, ки фарзандони худро дар баробари азоби он рӯз фидо кунад ва ҳамсар ва бародарашро ва қабилаашро, ки ҳамеша аз ӯ ҳимоят мекарданд ва тамоми мардуми рӯйи заминро, то мояи наҷоташ шавад.” (Маориҷ/11-14)

Бинобар ин мумкин нест фирқае ба тамому камол наҷот ёбанд ва мо наметавонем дар бораи фирқаи муайяне ба сурати комил ҳукм ба покӣ ва ё палидӣ кунем… Дар ҳар фирқа ва гурӯҳе, чунонки одами солеҳ ва некӯкоре ёфта мешавад, ҳамчунин толеҳ ва бадкоре низ ҳаст. Ҳатто ҷиннҳо, ки дар миёнашон мусалмон ҳаст ва ғайримусалмон низ ҳаст, дар миёнашон солеҳон ҳастанд ва бадкорон низ ҳастанд…”

Дар барномае дигар ин шайх тавзеҳ медиҳад, аҳодисе, ки дар ин хусус аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудаанд, ин аҳодис аз назари лафз мухталифанд ва танҳо қисмате аз онҳо дуруст аст, на ҳамааш…

Таҳияи Сайидюнус Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ynetnews: Паёмҳои омодагии ҷанг аз ҷониби Эрон
Азамат ва содагӣ

Матолиби пурбоздид