Фоҷиа аз ғафлати мардум оғоз мешавад

Таърих

Фоҷиа аз ғафлати мардум оғоз мешавад

(Пиромуни вежагиҳои таърихи иҷтимоии асрҳои 18-19 миллати тоҷик)

Ба қалами Устод Луқмон Бойматов

Таърихи иҷтимоии асрҳои 18-19 –и миллати тоҷикро метавон ин гуна хулоса кард:

Иқтисоди сиёҳ, иҷтимои ноором, адаб ва ҳунари рокид ва дар як калом ақабмондагии маҳз аст ва албатта фоҷиа дар ҷомеа аз ғафлати мардум оғоз мешавад ва шиддати он баста аст ба ноогоҳии эшон аз таҷрубаи рӯзгор ва таърихи аҷдоди хеш.

…Миллати тоҷик бадбахт буд, худро пок аз ёд бурда буд ва дар ин муддат бадбахттар аз он ки буд, шуд. Сарнавишти худ ва аҷдодашро ба ёд намеовард ва аз таърих огоҳӣ надошт. Гуфтаанд, ки “Ҳар кас обид аст ва маъбадаи ҳар касе “зикри одам” будани ӯст”. Аммо ҳар кас қабл аз он ки одами обид шавад, одами огоҳ бояд бошад. Огоҳӣ ва озодӣ — бистари аслии пешрафт аст. Таърих ва донистани он барои огоҳии инсон шарти асосиву зарурист.

Рӯй овардан ба таърихи гузашта ба хотири илтиём бахшидани захмҳои рӯзгор нақш дорад. Ин амал аз беҳтарин василаҳои шифо бахшидани маразхои иҷтимоъ аст… ва таърих метавонад ҷомеаи бемори моро дармон бахшад… Ашхосе, ки дар ин боб шубҳа доранд аз зумраи бехабаронанд!

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андешаи мутаҳҳар
Ду қишре, ки таърихро месозанд

Матолиби пурбоздид