Фрейд ва дин

Таҳлили хабарӣ
Фрейд ва дин
Ёддоште аз Сайидюнуси Истаравшанӣ
Алъон ёддоште хондам аз яке азизон дар бораи иллати иқдоми баъзе тоҷикҳо ба аъмоли интиҳорӣ ва доъишӣ шудан. Иллате, ки ин азизамон барои ин иқдом зикр мекунад, аз назари ғаробат, бисёр шабеҳ аст ба назари файласуф ва равоншиноси утришӣ, Зигмунт Фрейд (Sigmund Freud, 1856-1939). Муносиб аст назари Фрейдро бароятон баён кунам
Фрейд мегӯяд, вақте майлҳои нафсонӣ ва шаҳавонии инсон саркӯб шаванд, ин майлҳо тағйири чеҳра дода, бо сурати дигаре зоҳир мегарданд. Ба назари ӯ, эътиқод ба Худо ва дин, чеҳраи дигари он майлҳои ба қавли худаш “вопасзада” аст. Ӯ бар ин бовар аст, ки аз даврони кӯдакӣ падару модар ва ҷомеа, мураттаб ба инсон мегӯянд, ки ғаризаи ҷинсияшро контрол кунад. Ва ин, ба мурури замон ба як уқда табдил мегардад. Баъд, ин уқдаҳо, ба қавли Фрейд, аз замири “худогоҳ”-и инсон ба замири “нохудогоҳ”-и ӯ пинҳон мешавад. Яъне, майли ҷинсӣ, аз равони худогоҳ ба равони нохудогоҳ рафта, баъд аз ҷамъ шудан дар он ҷо ва роҳ наёфтан ба берун, ба як “шакли дигар” медарояд.
Фрейд мегӯяд, шоирон, ҳунармандон ва паёмбарон аз ин роҳ падид меоянд. Дар ҳақиқат, ҳарфу ҳадиси инон “шаклҳои дигаргуншудаи” саркӯфтагии ғаризаи ҷинсӣ ҳастанд.
Ба сухани дигар, ғаризаи ҷинсии саркӯбшуда, худашро ба сурати шеър, ҳунар ва омӯзаҳои динӣ буруз медиҳад, то дигар мавриди инкори ҷомеа воқеъ нашавад. Ва он гоҳ Фрейд натиҷа мегирад, ки агар рӯзе амру наҳйҳои динӣ ва иҷтимоӣ бардошта шавад, дигар хабаре аз шоир, ҳунарманд ва паёмбарон нахоҳад буд.
Ба таъбири худам, паёмбарон, руҳониҳо ва муллоҳо инҳо афроде ҳастанд, ки дар масоили ҷинсӣ ноком буданд ва натавонистаанд хостаҳои ҷинсии худро ба шакли бояд бароварда созанд, сипас ин майли ҷинсӣ ба замири нохудогоҳи онҳо пинҳон шуд ва мутароким гардид ва он гоҳ дар он ҷо тағйири шакл дод ва сипас ба сурати “омӯзаҳои осмонӣ” ва панду насиҳат ва амру наҳйҳои динӣ ва иҷтимоӣ даромад ва буруз гардид. На Худое будааст ва на ҷаҳони моварое.
Фрейд ин дидгоҳро бештар дар китоби “Тутим ва тобу” (Totem and Taboo) матраҳ мекунад.
Назаре бемоятар аз ин назар вуҷуд надорад. Албатта донишмандони зиёде, дар ҳамон ғарб, бо музҳик ва хандаовар шумурдани ин назар, ҷавобҳои дандоншикане ба ҷаноби Фрейд додаанд, ки сари фурсат роҷеъ ба он хоҳам гуфт.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ахлоқ ва ҳуқуқ
CBS: “Вазорати хориҷаи Омрико табодули паём бо Эронро таъйид кард”

Матолиби пурбоздид