Хохоми бузуги яҳудӣ: “Мусалмонон аз марг наметарсанд, онҳоро бояд аз роҳи маънавӣ шикаст”

Хохоми бузуги яҳудӣ: “Мусалмонон аз марг наметарсанд, онҳоро бояд аз роҳи маънавӣ шикаст”

Ахбори байналмилал

Як хохоми бузурги саҳюнист, дар суханоне, бо баёни ин ки мусалмолнон аз марг наметарсанд, гуфт: “Бояд онҳоро аз тариқи маънавӣ шикаст дод.”

Матни суханони вай ба шаҳри зерин аст:

“Нороҳаткунандатарин хатаре, ки сипоҳи Исроил бо он рӯ ба рӯ мешавад, иборат аст аз мувоҷеҳ шудан бо набераҳои Исмоил (мусалмонон). Ба далели ин ки онҳо, барои мо танҳо душмане ҳастанд, ки нерӯи маънавии қудратманде доранд. Ва бояд бидонед, ки нерӯи руҳӣ, дар дарозмуддат, нерӯи моддиро дарҳам хоҳад шикаст.

Хатари мусалмонон, хатари бисёр бузурге аст. Ба ҷиҳати ин ки онҳо фақат як нерӯи моддӣ нестанд, балки дорои имтиёзи дигаре ҳам ҳастанд ва он, ҳамон нерӯи пурқудрати руҳӣ аст.

Мусалмонон ҳам, ки аз набераҳои Иброҳим ҳастанд, дорои сифоти маънавӣ мебошанд. Ва ин, ба хотири иртиботашон бо Иброҳим аст, ки аз сифоти руҳӣ ва маънавии қавӣ бархӯрдор буд.

Ва аз тарафи дигар, ҳамчунин бо Исмоил иртибот доранд. Занонашон ҳиҷоб доранд. Воқеан яке аз чизҳое, ки хеле барои ман дарднок аст, ин аст, ки Урдун иҷоза намедиҳад духтарони исроилӣ вориди ин кишвар шаванд. Ба хотири ин ки тарзи пӯшиш ва либоси муносибе ба тан надоранд. Чун урдуниҳо (мусалмонон) бар ин боваранд, ки духтарони урёни исроилӣ таъсироти мухаррибе бар ҷомеаи Урдун доранд. Ва ин, чизе нигаронкунанда аст барои мо. Ин масъалаи возеҳе аст агар ба он фикр кунем.

Исмоилиҳо (мусалмонон), ки Исмоил намояндаи онҳост, ин душмане аст, ки мо наметавонем бо равишҳои суннатӣ бар онҳо мусаллат шавем. Ҳеч роҳе барои мутаваққиф кардани онҳо вуҷуд надорад. Ба иборати дигар, роҳи мантиқӣ барои мутаваққиф карданашон нест. Чун онҳо дар роҳи он чи ба он ақида доранд, муштоқи марг ҳастанд.

Чаро мусалмононро таҳдид ба марг мекунед? Онҳо мисли нозиҳо (фошистҳои Олмон) нестанд, ки тарсу бошанд. Вақте як нозӣ бифаҳмад, ки кушта мешавад, шурӯъ мекунад ба музокира ва гуфтугӯ. Вақте фаҳмиданд, поёнашон наздик аст, худи Ҳитлер иқдом ба худкушӣ кард, ба ҷойи ин ки бо ҳаводис рӯ ба рӯ шавад. Барои ҳамин нозиҳо тарсу буданд. Ва шумо метавонед тарсуҳоро бо нерӯи низомӣ шикаст бидиҳед.

Аммо вақте касоне ҳастанд, ки аслан барояшон муҳим нест, ки бимиранд, чӣ тавр мехоҳӣ онҳоро мутаваққиф кунӣ? Ҳеч гузинае барои анҷом додан надорӣ.

Пас мушкиле, ки ҳаст ин аст, ки бо равишҳои ҷангӣ ва низомӣ ҳаргиз наметавон мусалмононро дарҳам шикаст. Дуруст аст, ки аз роҳҳои сиёсӣ ҳар коре бихоҳед, мекунед. Аммо ин корҳо ҳеч замонате (кафолате) надорад.

Бинобар ин мо барои шикаст додани онҳо, бояд аз масирҳои маънавӣ иқдом кунем. Ҳамчунин мо медонем, ки намоз як нерӯи бузурги маънавӣ дар дунёст…”

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саргузашти босмачиҳо –Y
Паёми ҳушдоромези Эрон ба Омрико аз тариқи Қатар

Матолиби пурбоздид