Хохоми исроилӣ хостори куштани ҳамаи фаластиниҳо шуд
Ахбори байналмилал
Anadolu
Як хохоми исроилӣ иддао кард, ки ҳамаи фаластиниҳо ҳатто кӯдакон бояд кушта шаванд.
Ба гузориши хабаргузории Anadolu, ҳамзамон бо идомаи ҷанг алайҳи Ғазза, Элияху Мали, хохоми исроилӣ ва раиси мадрасаи динии “Широт Муше” дар изҳороте ҷинояткорона, хостори қатлу куштори ҳамаи фаластиниён аъамм аз зану кӯдаку ҷавону солхӯрда шуд.
Ӯ дар суханоне унвон кард, ҳамаи фаластиниён чӣ зан, чӣ мард ва чӣ кӯдак ва ҷавон ва солхӯрда бояд кушта шаванд, зеро ҷавонони кунунӣ ҳамон кӯдакони ҷанги қаблӣ ҳастанд, бинобар ин ҳатто кӯдакон ва занон ҳам набояд зинда бимонанд, чун инҳо насли баъдиро ташкил медиҳанд, ки алайҳи Исроил хоҳанд ҷангид.
Ин хохоми яҳуди ҳамчунин хостори қатли омми ҳамаи солхӯрдагони фаластинӣ ҳам ҳаст ва мегӯяд, онҳо метавонанд силоҳ ҳамл кунанд ва алайҳи Исроил биҷанганд.
Anadolu
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: