Хохоми яҳудӣ: “Танҳо роҳи барқарории сулҳ дар ҷаҳон, сарнагунии режими Исроил аст!”

Таҳлили хабарӣ
Хохоми яҳудӣ: “Танҳо роҳи барқарории сулҳ дар ҷаҳон, сарнагунии режими Исроил аст!”
Элҳанон Бек, узви ҷунбиши зидди исроилии Neturei Karta, режими саҳюнистиро як гурӯҳи алайҳи дастуроти илоҳӣ номид ва тасреҳ кард, ки танҳо роҳи барқарории сулҳ дар ҷаҳон, сарнагунии режими Исроил аст.
Ин хохоми яҳудӣ бо интишори видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт: “Худованди Мутаол яҳудиёнро табъид кард, то сарзамини муқаддасро ба зӯр тасоҳуб накунанд, аммо саҳюнистҳо аз амри Худо саркашӣ карданд.”
Вай афзуд: “Саҳюнизм аз ҳар лиҳоз бо инсоният дар тазодд аст, онҳо бо куштори фаластиниён сарзаминашонро ғасб карданд ва ҳар рӯз муртакиби ҷиноят мешаванд.”
Элҳанон Бек бо таъкид бар ин ки “мо аз роҳи ҳалли ташкили ду кишвари Фаластин ва Исроил ҳимоят намекунем”, хотирнишон кард: “Иқдоми саҳюнистҳо монанди ин аст, ки касе хонаеро ғасб ва иддао кунад, ки аз тариқи тақсими он, ба дунболи сулҳ аст. Аммо кадом сулҳ? Агар хоҳони сулҳ ҳастед, бояд аз хона берун биравед.”
Ин хохоми яҳудӣ идома дод: “Дар мавриди Фаластин ҳам вазъ ҳамин аст. Фаластин бояд ба таври комил озод шавад, то мусулмонон, масеҳиён ва яҳудиён битавонанд дар сулҳу оромиш зиндагӣ кунанд.”
Элҳанон Бек бо баёни ин ки саҳюнистҳо иддао мекунанд, ки бояд аз яҳудиён дар баробари яҳудиситезӣ муҳофизат шавад то Ҳолокости дигаре рух надиҳад афзуд: “Аммо воқеият чизи дигаре аст ва ин саҳюнизм аст, ки боиси ташдиди яҳудситезӣ дар ҷаҳон шуда ва ҷони пайравони ҳазрати Мӯсо (а)-ро ба хатар андохтааст.”
Вай тасреҳ кард: “Танҳо роҳи барқарории сулҳ дар ҷаҳон, поёни режими Исроил аст ва мо умедворем ва аз Худованди Мутаол масъалат дорем, ки ин амр ҳар чи сареътар муҳаққақ шавад, то битавонем дар Фаластин канори ҳам, дар сулҳу оромиш зиндагӣ кунем.”
Ӯ ҳамчунин таъкид кард: “Ман ба унвони як хохоми яҳудӣ ширкат дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудсро, ки ҳар сол дар Ландан баргузор мешавад, бисёр муҳим медонам.”
Гуфтанист, роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ки ба ибтикори Имом Хумайнӣ (р) роҳандозӣ шудааст қарор аст 16 апрел дар Ландан баргузор шавад. Тибқи барномаи эъломшуда ширкаткунандагон пас аз таҷаммӯъ муқобили сохтмони Вазорати кишвари Англис, ба самти дафтари нахуствазирӣ роҳпаймоӣ хоҳанд кард.
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мунтахаби достонҳои Маснавии маънавӣ
Моҳи озодӣ

Матолиби пурбоздид