Худбохтагӣ ва худкамбинӣ

Таърих

Худбохтагӣ ва худкамбинӣ

Зафари Суфӣ

Худбохтагӣ ва худкамтарбинӣ ба ҳеч ваҷҳ қобили тавҷеҳ ва аслан аз русуми ҷавонмардӣ нест. Набояд ба гузаштаи худ аз дидгоҳи худбохтагиву худкамтарбинӣ нигоҳ кард. Албатта бархурди оромнгароёна (идеолсозӣ) ба гузашта метавонад мушкилсоз бошад, вале кучактарин талош барои муқобила бо мутаҷовиз ва истисморгари бегонаро бояд сутуд. Миллатро бе ҳеч мубориза дар баробари ҳуҷуми бегонагон таслимшуда ва шикастхурда нишон додан камтар аз хиёнат нест.

Ҳаракате ба номи «босмачигарӣ» дар асли худ як ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ буд. Ҳадафи аслӣ ва далели аслии пайдо шудани ин ҷунбиш мубориза алайҳи таҳоҷуми бегона ва дифоъ аз ватан, дин ва озодии мардуми худ будааст.

Агар гирем, ки аксари роҳбарони ин ҳаракат турктабор буданд, (ҳол он, ки чунин нест!) оё садҳову ҳазорҳо тани дигар, ки ҷон бар каф гирифтаву барои ҳимояи ватану имони худ ба майдон омаданд ва шаҳид шуданд, низ понтуркист буданд? Ин, ки бигӯем ин ҳаракати понтуркистӣ буд, оё беэҳтиромӣ ва таҳқири он бобоёни ҷасури мо нест, ки алайҳи ҳуҷуми бегонагон қад алам кардаанд? Гузашта аз ин, оё мехоҳед моро миллати беғайрате бишносанд, ки дар баробари ҳуҷкму зӯргӯии бегонагон таслим шудаву сарафканда ва шармсори торих аст?

Албатта дар раванди муборизот миёни босмачиҳо инҳирофоте ҳам падид омада ва ҷиноятҳову хиёнатҳое ҳам рух дода, ки ҳеч кас онро набояд инкор кунад. Вале имрӯз талоши бегонагонро барои беҳудаву бегона нишон додани ҳадафи аслии ин ҳаракат пазируфтан ва онро дуруст шуморидан ҳадди ақалл таҳқири миллат аст. Бояд фаромӯш накунем, ки сухан дар мавриди бобоҳои мо меравад ва онҳо ба хотири Анварпошшову Валиду Иброҳимбек ё кадом қурбошии дигар не, балки пеш аз ҳама барои ҳимояи ватани худ ба майдон омада буданд ва бар зидди бегонагон қад алам кардаанд. Ва онҳое, ки бобоҳояшон таслими бегона шудаву дар хидмати мутаҷовиз буда, набояд ба худ иҷоза диҳанд, ки як ҳаракатеро булшивикона бадном ҷилва диҳанд. Ҳар китобе дар замони шӯравӣ дар мавриди ҳаракати босмачигарӣ навишта шуда комилан яктарафа ва дар ростои пуштибонӣ аз идеоложии шӯравӣ буд ва аз ин дидгоҳ бояд ҳамчун манбаъи номуътамад арзиши илмӣ надошта бошад. Маътамадтарин далел бар тавҷеҳи амали он муборизон ва нишони қаҳрамон донистани онҳо ҳамон мардонавор дар муқобили мутаҷовиз истодану ватану номусу шарафу хонаву имони худро дифоъ карданашон аст.

Ҳамаи босмачиҳо қаҳрамон набуданд, аммо аксари онҳо қаҳрамонанд, зеро дар муқобили мутаҷовиз ва душмани ватану имонашон истоданд ва мардонавор ҷангиданд. Агар арзишу меъёри қаҳрамонӣ ва ватандӯстӣ мубориза бурдан бар зидди душмани ватан ва мутаҷовиз набошад, пас арзише нест.

Худбартарбинӣ вижагии хубе нест ва метавонад заминасози мушкилот ва ҳатто фоҷеа бишавад. Аммо дар муқобил худкамбинӣ ва он ҳам дар баробари зӯргӯӣ ва таҷовузи бегона ин хиёнати ошкор аст ва ҳеч тавҷеҳе надорад. Бо ин ҳисоб худбартарбинӣ дар муқобили худкамбинӣ нишони ҷасорат ва мардонагӣ мебошад.

Худшефтагӣ хислати қобили ситоиш нест, аммо дар баробари худбохтагӣ як амри пазируфтанист, зеро худбохтагӣ заминасози шармсориву хиффат, шикасти ҷуброннопазир мешавад ва аз ин назар дар баробари бадхоҳон ва бадкорон худбартарбинӣ ва худшефтагӣ айни савоб аст ва заминасози сарбаландиву пирӯзӣ хоҳад шуд.

  1. PS. Агар сахт гуфтам маъзурам доред, аммо бипазиред, ки ба қавли як дӯсти шерозиям шӯрашро даровардед ва водор ба сахтгӯӣ кардед…

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паймонномаи Паёмбар(с)
Муҳаммадҷон Шакурӣ: Инқилоби Бухоро фоҷиа буд

Матолиби пурбоздид