Худкушии ахлоқии Омрико дар навори Ғазза

Таҳлили хабарӣ

Худкушии ахлоқии Омрико дар навори Ғазза
Омрико қатъномаи Шӯрои амнияти СММ барои барқарори оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро ба рағми раъйи мувофиқи 13 узви ин шӯро вето кард.
Мавзӯъи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки тамоми аъзои Шӯрои амният ба нафъи ин қатънома раъй доданд ҳатто Ангилис, ки аз сарсахттарин ҳомиёни режими Исроил маҳсуб мешавад, раъйи мумтанеъ ба он дод; зеро ҳама аз авзоъ дар навори Ғазза ва ҳаҷми ҷиноёт ваҳшёинаи нерӯҳои ишғолгар дар ин борикаи таҳти муҳосара огоҳ ҳастанд ва аз ин рӯ мӯътақиданд, ки ин бӯҳрони инсонӣ ҳар чи сареътар поён ёбад.
Танҳо Омрико буд, ки ошкор арзишҳои инсонӣ ва ахлоқиро зери по гузошт ва қавонин ва меъёрҳои байналмилалиро нақз кард. Омрико ҳатто тамоми ҳампаймонони арабии худро, ки дар садади мутақоъид кардани Вошингтун ба худдорӣ аз ветои қатънома ҷиҳати поён додан ба ҷиноёти ваҳшиёнаи Исроил алайҳи кӯдакон ва занон дар Ғазза ҳастанд, нодида гирифт.
Масъулони омрикоӣ ҳамчунон муқовамати Ғаззаро ба мухолифат бо оташбаси инсонӣ дар ин борика муттаҳам мекунанд, дар ҳоле ки иқдоми ахири Вошингтун дар Шӯрои амният, дурӯғин будани ин иддаоро бармало кардааст. Ветои Омрико, на танҳо маълум кард, ки кадом тараф оташбасро нақз мекунад, балки ҳаҷми мушорикати Омрико дар таҷовуз ба навори Ғаззаро фош сохт.
Оё Омрико тасаввур мекунад, ки ҷаҳон тавҷеҳи ин кишварро дар бораи наслкушӣ, поксозии нажодӣ ва ҷиноёти ҷангӣ дар Ғазза бо таслеҳоти омрикоӣ ва ғарбӣ бовар мекунад?!
Омрико омори қурбониёни ҷанги Ғаззаро ваҳшатнок тавсиф кардааст. дар ҳоле ки тайи ду моҳи ахир, бевақфа таслеҳоти ҷангӣ дар ихтиёри режими ваҳшии Исроил мегузорд; мавзӯъе, ки Вазорати ҷанги Исроил бо эъломи вуруди беш аз 10 ҳазор тонн силоҳ ва таҷҳизот ва муҳиммоти низомӣ ба Фаластини ишғолӣ, онро мавриди таъйид қарор дод.
Расонаҳои омрикоӣ мегӯянд, давлати Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико, аз Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва кобинаи ишғолгар ба далели амал накардан ба тавсияҳои он дар бораи куштор ғайринизомиён дар Ғазза норозӣ аст ва ин норизоятӣ ба хашм табдил шудааст. Ин дар ҳолест, ки Бойден Кунграро барои мувофиқат бо кӯмакҳои низомии бештар ба режими ишғолгар ба арзиши 14 миллиард доллар таҳти фишор гузоштааст ва таъкид дорад, ки Кунгра бояд ҳамчунин бо кӯмакҳои низомӣ ба арзиши 3.8 миллиард доллар, ки шомили ҷангандаҳо ва бомбҳост, мувофиқат кунад.
Ҷаҳон пас аз бомбборони атомии шаҳрҳои Нагасакӣ ва Ҳирушимо дар Жопун, бори дигар шоҳиди инҳитоти ахлоқии ваҳшатноки Омрико аст; Вошингтун ошкоро бо оташбаси инсонӣ дар Ғазза мухолифат карда ва бо ин мавзеъгирӣ, амалан дар таҷовузи режими ишғолгар ба навори Ғазза мушорикати мустақим дорад. Омрико бо ветои қатъномаи оташбас, ин бор даст ба худкушии ахлоқӣ ва инсонӣ дар Ғазза задааст.

Шабакаи хабарии Алъолам

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамос: Вошингтун шарики қатли омми миллати Фаластин аст
Cуханони муфаттиши ШОБОК дар бораи Синвор

Матолиби пурбоздид