Худои осмон бошад анису ёварат, Эрон!

Фарҳанг

Худои осмон бошад анису ёварат, Эрон!

Шеъре аз Нуралӣ Нурзод, шоири тоҷик

Фишурдам дар дили тангам ғами паҳноварат, Эрон!

Саропо дарду оҳам аз шаби дардоварат, Эрон!

Думоҳа кӯдаки шириннигоҳу хандарӯйи ту

Шавад қурбонии бомби адӯи худсарат, Эрон!

Ҷаҳон гӯё тамошо мекунад филми ҳаливудӣ

Худойи осмон бошад анису ёварат, Эрон!

Ба паҳбодон агарчӣ ҳамла дорад деву аҳриман

Машав навмед, к-инак мерасад Золи Зарат, Эрон!

Ғуруратро шикастан ҳамлаи душман бинатвонад

Зипоафтода хоҳам девро пеши дарат, Эрон!

Ту танҳо нестӣ, эй вориси Сосону Сомонӣ!

Ҳазорон Рустамон дорӣ дар оғӯшу барат, Эрон!

Дуову номаҳои мо зи Ҷайҳун сӯйи ту ояд,

Ки чун симурғ афзояд ҳама болу парат, Эрон!

Нуралӣ Нурзод

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дилам хун гашт аз ғамҳои Эрон
Пирӯзии нур бар зулмат

Матолиби пурбоздид