Худоё, ҷуз ту бахшандае намеёбам…

Адаб

Худоё, ҷуз ту бахшандае намеёбам…

Дуои тавбакунандагон

Дуое маъруф ба “Дуои тавбакунандагон” аз Имом Зайнулобидин (а)

Ба номи Худованди Меҳргустару Густардамеҳр!

Худои ман!

Гуноҳонам либоси хорӣ бар танам кардааст ва дурӣ аз ту пироҳани дармондагӣ бар андомам намудааст ва афзунии лаҷани гуноҳонам моҳии диламро мирондааст.

Эй ниҳояти орзуям! Эй зеботарин матлубам! Эй танҳотарин посухгӯям! Ва эй маҳбуби дилам! Моҳии диламро бо ҷараёни зулоли тавбапазирият зинда гардон!

Ба иззатат савганд, ки ҷуз Ту мар гуноҳони хешро бахшандае намеёбам ва ҷуз Ту мар шикастагии хешро пайвандзанандае пайдо намекунам.

Ман, инак, бо болҳои тавозӯъ ба боргоҳи ту бозгаштаам ва пешонии хушӯъ ва хории хеш бар даргоҳи қудратат ниҳодаам.

Агар аз даргаҳи раҳмати хеш бирониям, ба кадомин дар паноҳанда шавам? Ва агар аз қуллаи раъфатат фурӯ афканиям, ба кадомин домана бигурезам?… Сад афсӯс аз расвоиям, ҳазор афғон аз тӯшаи роҳам!

Эй бузургбахшояндаи гуноҳони бузург ва эй баҳамоваранда ва пайвандзанандаи устухонҳои шикаста! Аз гуноҳони бузургам ҳалоккунандаҳояшро бибахш ва аз пинҳониҳои зиштам расвокунандаҳояшро бипӯш ва маро дар гармои ҳузури қиёматат аз хунуки гуворои афват бинӯш!

Худовандо!

Пардаи зебои гузаштатро бар чашмони гунаҳкори хастаам дареғ макун!

Худоё!

Мар гуноҳонамро сояи рӯшани раҳматат биёр ва мар айбҳоямро абри пурбори раъфатат бибор!..

Худои ман!

Оё бандаи фирорӣ (ки ба сабаби гуноҳон аз мавлояш гурехтааст), ҷуз ба сӯи мавлои хеш бармегардад? Ва аз хашми кайфари ӯ, ҷуз дар канори ӯ паноҳ мегирад?..

Маъбуди ман!

Агар дари вуруд ба боргоҳи тавбаат пушаймонист, ба иззатат савганд, ки ман ба ин дар овехтаам, ва агар истиғфор аз гуноҳ, тешае мар решаи гуноҳонрост, ин тешаи истиғфори ман! Ҳаққи хушнудӣ азони туст; туӣ, ки бо борони раҳматат ғубори гуноҳонро аз сафҳаи дил мешӯйӣ.

Худоё!

Ба қудратат, ба сӯям чашм бигардон, ва бо абри бурдборият, бар бекарони дашти гуноҳонам бигзар!

Ва алорағми ончи фақат ту медонӣ, бар сарам дасти мудоро бикаш!..

Маъбуди ман!

Туӣ, ки бандагонро ба боргоҳи афват даре гушудӣ ва тавбааш номидӣ ва фарёд задӣ, ки: “Ҳон мардумон! Ба сӯи ман ойед; омадане нодимона ва ошиқона!”

Пас чист узри он ки дарро гушода бибинад ва орому қарор бигирад?

Худои ман!

Агар гуноҳ аз банда зишт аст, афву гузашт, ки аз сӯи ту зебост.

Маъбудам!

Ман аввалин маъсияткори ту нестам, ки бар ӯ бахшидӣ ва дар сояи абри эҳсонат бар ӯ боридӣ.

Эй дарёбандаи дармондагон!.. Ва эй бузурги некпардозон! Эй донандаи ҳарчи ниҳон ва эй зебопӯшонандаи ҳар ошкору пинҳон!..

Истиҷобат кун дуои маро ва масӯзон решаи ниҳоли орзуи маро ва бипазир бозгаштам ба сӯятро ва бипӯшон зиштиҳоямро!

Эй пазирандатарини пазирандагон! Ва эй пӯшандатарини розпӯшон! Ва эй меҳргустардатарини меҳрубонон!

Саҳифаи Саҷҷодия

Қаламнлайн

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амрико сармоягузорӣ дар Коридори Миёниро афзоиш медиҳад
Расонаи исроилӣ: Исроил тавони идомаи ҷанг алайҳи Ғаззаро надорад

Матолиби пурбоздид