Хуш биё, Наврӯзи ман

Адаб
Хуш биё, Наврӯзи ман
Тӯтинисо Исмоилзода
Эй, қадамҳоят хуҷаста, хуш биё, Наврӯзи ман,
Ҷойи ғусса шодиҳо бахшо ту бар имрӯзи ман,
Ашкҳои модарон бо панҷаҳоят пок кун,
Бо муҳаббатҳо ба оғушат бигир дилсӯзи ман.
Файзҳои рафтаро овар ба дастурхони мо,
Пур намо бо нозу неъматҳои худ ҳар рӯзи ман.
Зиндагониро бубахшо рангу бӯйи тозае,
Бӯйи бадбинӣ равад бо дуди испансӯзи ман.
Чун парастуҳо биёям боз бар айвони худ,
Як дами осоише бахшо, ту меҳрафрӯзи ман.
Солҳо дар кишвари барфу яхин аз ёд рафт,
Гул ба кокул кардану пироҳани гулдӯзи ман.
Доманамро пур намо бо дастагулҳоят баҳор,
Эй туйи ойини пок, Наврӯзи покомӯзи ман.
Ман бубахшидам гуноҳи ҳар касе ҷабрам намуд,
Бар ҷаҳолат дастболо шуд дили пирӯзи ман.
Эй қадамҳоят хуҷаста бар диёри орзу,
Хуш биё, асло марав, Наврӯзи дил, Наврӯзи ман!
Тӯтинисо Исмоилзода

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вазири умури хориҷаи Амрико: “Эрон бояд аз ҳимояти Ҳусиҳо даст кашад!”
Нишонаҳо ҳокӣ аз шикасти Исроил аст

Матолиби пурбоздид