Хушбахт кист, хушбахтӣ чист?

Хушбахт кист, хушбахтӣ чист?

Рӯзе зани ҷавоне бо рангу рӯи парида ва чеҳраи афсурда, ба назди равоншинос рафту гуфт: Ман як зани ҷавону бадбахте ҳастам. Эҳсос мекунам бисёр афсурдаам.
Равоншинос нигоҳе ба чеҳраи зан андохту гуфт: Ман албатта ба шумо кӯмак мекунам. Аммо пеш аз он, бояд биравед ва панҷ нафар зани хушбахтро пайдо кунед ва аз онон бипурсед, ки чӣ қадар хушбахтанд ва аз онҳо бипурсед, ки рози ин хушбахтиашон дар чист?
Зани ҷавон аз назди мутахассиси равоншинос берун рафт ва пас аз чанд рӯзе баргашт. Аммо, ин дафъа, бо чеҳраи дурахшон ва шодоб.
Духтури равоншинос, ки ҳеч асаре аз афсурдагиро дар чеҳраи зан мушоҳида намекард, пурсид: Хуб, ба ман бигӯед, ки шумо занони хушбахтро пайдо кардед?
Зани ҷавон дар посух гуфт: Ман барои ёфтани панҷ нафари хушбахт, ба суроғи беш аз панҷоҳ нафар рафтам ва шарҳи зиндагиашонро пурсидам. Ва акнун ман фаҳмидам, ки худам аз ҳамаи онон хушбахттарам!…
Ростӣ, хушбахтӣ чист ва рамзу рози он кадом аст?
Баъзе аз одамҳо хушбахтиро дар молу сарвати зиёд медонанд, баъзеи дигар дар доштани ҳамсари хуб, баъзеҳо дар доштани фарзандони хуб, хонаву маскани хуб, баъзе дар касбу кори пурдаромад ва ғайра…
Албатта ҳамаи инҳо дар ҷои худ дуруст аст, аммо маънои воқеии хушбахтӣ чист ва роҳи расидан ба он кадом аст?
Дар ин ҷо нигоҳе меандозем ба тавсияҳои Муаллими Башарият, ҳазрати Хатми мартабат, ҳазрати Муҳаммад(с).

Набии гиромии ислом дар ҳадиси муборак фармудаанд: “Аз хушбахтию саодати инсон ин аст, ки дархости хайру некӣ аз Худованд дошта бошад ва хушнуд бошад ба хости Худованд ва аз бадбахтии инсон аст, ки аз Худо дархости хайр накунад ва ба хости ӯ розию хушнуд набошад”.
Тавре ки мебинем, дар ин ҳадиси муборак, хушбахтиро ба маънои дархости некию хайр аз даргоҳи Худованди Маннон мешуморанд ва рамзу рози хушбахтиро хушнудӣ ва ризоят ба хости Худованд донистаанд.
Дар ривояти дигаре омадааст: “Дониш пешвои амал ва амал пайрави он аст. Ба хушбахтон ва саодатмандон дониш илҳом мешавад ва бадбахтон аз он маҳруманд”.
Бесабаб нест, ки дар ривояти мазкур, илму донишро илҳоми Худованд ба инсонҳои хушбахт унвон кардаанд, зеро рамзу рози хушбахтиро бояд дар донишу илмомӯзӣ ҷуст, чун илму дониш дили инсонро рӯшан мекунад ва сабаб мешавад, ки маърифати мо бештар шавад ва бештар ба қадри доштаҳоямон бирасем ва шукри неъматҳоеро, ки Худованд ба мо ато фармудааст, бидонему дар ниҳоят, инсонҳои сипосгузоре бошем…

(М.Ҷавҳаризода)

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шеъри ман
Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад!

Матолиби пурбоздид