Хушу беши амири Қатар бо раиси ҷумҳури “Исроил” хашми мусалмонони ҷаҳонро барангехт

Хушу беши амири Қатар бо раиси ҷумҳури режими “Исроил” хашми мусалмонони ҷаҳон бахусус фаластиниҳоро барангехт
Пас аз ҳамалоти Исроил ба Ғазза 
Ахбори байналмилал
Дидори амири Қатар ва хушу беши вай бо раиси ҷумҳури режими саҳюнистӣ дар ҳошияи Конфронси ҷаҳонии обуҳавои Cope-28, ки дар Аморот баргузор мешавад, хашми корбарони мусалмон ба хусус фаластиниҳоро барангехтааст.
Ба гузориши хабаргузории Аннашра, Исҳоқ Ҳертзуг, раиси ҷумҳури режими Исроил ва Шайх Тамим бен Ҳамад, амири Қатар дар ҳошияи ин конфронс, бо якдигар даст доданд ва хушу беш карданд.
Бар асоси ин гузориш, ин амр дар соатҳое сурат мегирад, ки артиши режими саҳюнистӣ бомбборони навори Ғаззаро пас аз поёни оташбаси муваққат, аз сар гирифтааст.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Financial Times: “Исроил дар ҳоли барномарезӣ барои ҷанги тӯлонимуддат”
Қассом мавозеи ишғолгаронро дарҳам кӯбид 

Матолиби пурбоздид