Хушунатҳои хонаводагӣ дар Фаронса
Ҳар се рӯз як зан дар Фаронса ба дасти ҳамсараш кушта мешавад
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Радиои байналмилалии Фаронса (RFI), бо истинод ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Фаронса, соли гузашта дар ин кишвар 107 зан ба дасти ҳамсари феълӣ ё собиқи худ кушта шудаанд.
Бар асоси ин омор, ҳар се рӯз як зан дар Фаронса қурбонии хушунати хонаводагӣ мегардад. Мақомот мегӯянд, бо вуҷуди талошҳои солҳои охир барои пешгирии чунин ҳодисаҳо, сатҳи хушунат алайҳи занон ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Ҳукумати Фаронса таъкид мекунад, ки мубориза бо хушунати хонаводагӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Ба гуфтаи масъулон, ниҳодҳои дахлдор бо созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ доранд, то роҳҳои нав барои ҳифзи қурбониён ва пешгирии такрори чунин ҷиноятҳо ҷустуҷӯ шаванд.
qalamonline.net
Қаламонлайн












