Хӯи раият аз хӯи малик зояд

Адаб

Хӯи раият аз хӯи малик зояд

Насиҳате аз Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ дар “Насиҳатул-мулук”

“Ҳакимон гуфтаанд, ки хӯйи (хислати) раъият (мардум) аз хӯйи малик (подшоҳ) зояд, ки мардуми омма ва ҳашам (хидматкорон) неку бад аз мулук (ҳокимон) шаванд аз он, ки хӯй аз эшон гиранд.

Набинӣ, ки андар таворих (таърихҳо) овардаанд, ки Валид ибни Абдулмалик халифа буд ва ҳиммати вай ҳама ободонӣ кардан буд ва Сулаймон ибни Абдулмалик бисёр хӯрдан ва орзу рондан одат дошт ва ҳиммати Умар ибни Абдулазиз ибодат кардан буд… Муҳаммад ибни Фазл гуфт: Аз Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ нақл аст, ки… ба рӯзгори Валид ибни Абдулмалик мардумонро ҳиммат ба ободонии боғу бӯстону сарой буд ва ба вақти Сулаймон ибни Абдулмалик ҳиммати мардумон хуш хӯрдан буд; якдигарро мегуфтанд: Ту чӣ пухтаӣ ва чӣ хӯрдаӣ?! Ва ба вақти Умар ибни Абдулазиз ҳиммати мардумон ҳама ибодат кардан ва Қуръон хондан ва садақа додан ва корҳои хайр кардан буд. То бидонӣ, ки мардумон ба ҳар рӯзгоре, рағбат кунанд ба он чи султони эшон кунад…

Ҳикоят: Оварданд, ки дар айёми Нӯшервони одил марде аз марде хона харид ва дар онҷо ганҷе ёфт. Филҳол (дар ҳол) ба наздики фурӯшанда рафт ва гуфт: Ту маро ҷое фурӯхтаӣ ва он чи андар он ҷой аст, они туст. Доварӣ дароз шуд миёни эшон. Пеши Анӯшервон рафтанд. Гуфт: Шуморо фарзандон аст? Яке гуфт: Маро писарест. Ва он дигар гуфт: Маро духтарест. Малик гуфт: Акнун бо якдигар хешӣ кунед, то (ганҷ), ҳам шуморо бувад ва ҳам фарзандони шуморо. Ҳамчунон карданд ва аз якдигар хушнуд гаштанд.

Акнун чӣ гӯӣ агар он касон дар айёми султоне ҷоир (золим) будандӣ? Ҳар яке гуфтандӣ, ки ин ганҷ хосса марост. Ва лекин аз он, ки донистанд, ки малики эшон одил аст, ба ростӣ кӯшиданд…

Бидон, ки ҳакимон гуфтаанд:

الناس بملوكهم أشبه منهم بزمانهم

Яъне мардумони замона ба мулуки замон беҳтар аз он монанд, ки ба замонаи хеш. Дар хабар омадааст, ки:

الناس على دين ملوكهم

(Мардумон ба дини мулуки хешанд.)

Ва сиёсати Нӯшервон то ҳадде буд, ки агар касе харворе зар ҷое бияфкандӣ, агарчӣ дер бимондӣ, касро ёрои он набудӣ, ки баргирифтӣ ҷуз худовандаш (яъне соҳибаш)…”

(Насиҳатул-мулук, Ғаззолӣ, саҳ.52-54)

Қаламонлайн  

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарсомӯзии Буалӣ Сино
Натонёҳу ба эътисобкунандагон: Муртакиби хато мешавед

Матолиби пурбоздид