Чанд дарси кӯтоҳи зиндагӣ
Ба ҳар касе мерасед, аз шодкомӣ ва саломатӣ, аз оромиш ва некбахтӣ сухан бигӯед.
Ба ҷиҳати хушоянди ҳар чиз нигоҳ кунед. Фақат ба беҳтаринҳо фикр кунед. Фақат ба хотири беҳтаринҳо кор кунед. Фақат дар интизори беҳтарин натиҷаҳо бошед!
Бо дидану шунидани муваффақияти дигарон ба ҳамон андоза шоду хушҳол шавед, ки аз муваффақияти худ, шоду хушҳол мешавед.
Ба ҳар кас, ки мерасед лабханд бизанед. Барои ислоҳи худ ба қадре вақт сафр кунед, ки вақте барои интиқод аз дигарон фурсат надошта бошед.
Дар муқобили биму нигарониву дилҳура чун куҳ бошед!
Крис Лорсен
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн