Чанд кишвари ғарбӣ иқдоми Эрон дар партоби моҳвораро маҳкум карданд

Чанд кишвари ғарбӣ иқдоми Эрон дар партоби моҳвораро маҳкум карданд

Олмон, Англис ва Фаронса иқдоми Эрон дар партоби моҳвораи “Сурайё”-ро маҳкум карданд

Eurointegration

Олмон, Англис ва Фаронса дар баёнияе муштарак, иқдоми Эрон дар партоби моҳвораи “Сурайё”-ро маҳкум карданд.

Ба гузориши пойгоҳи укроинии Eurointegration, се кишвари урупоӣ дар баёнияе, иқдоми ҳафтаи гузаштаи Эрон дар партоби моҳвораи “Сурайё” бо моҳворабари “Қоим-100” ба мадори 750 километриро маҳкум карданд.

Гуфтанист, моҳвораи “Сурайё”, ки як моҳвораи мухобиротӣ ва аз навъи моҳвораҳои таҳқиқотии SRI сохти Пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон аст, ҳафтаи гузашта партоб шуд.

Сегонаи урупоӣ дар ин баёнияи муштарак иддао кардаанд: “Мо ин партобро маҳкум мекунем, зеро ин моҳворабар аз фанновариҳои зарурӣ барои сохти сомонаи мушакҳои болистики дурбурд истифода мешавад.”

Дар баёнияи сегонаи урупоӣ омадааст: “Эрон, алорағми дархостҳои мукаррари байналмилалӣ барои таваққуфи барномаи мушакии худ ва баъд аз солҳо беэътиноӣ ба маҳдудиятҳои Созмони Милал камокон ба тавсиаи барномаи мушакии худ идома медиҳад.”

Дар бахши дигаре аз баёнияи се кишвари урупоӣ омадааст: “Партоб (-и чунин моҳвораҳое), ба Эрон иҷозаи озмоиши фанновариҳоеро хоҳад дод, ки мумкин аст барои тавсиаи бештари барномаи мушакҳои болистики ин кишвар мавриди истифода қарор гиранд. Ин барнома таҳдиде умда барои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аст.”

Се кишвари урупоӣ дар бахши поёнии ин баёния тасреҳ кардаанд худро ба бардоштани тамоми гомҳои диплумотик барои “ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳҳои ҳастаӣ” мутааҳҳид медонанд.

Eurointegration

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи дубораи Омрико ба хоки Яман
Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба пойгоҳҳои Омрико

Матолиби пурбоздид