Чанд ҷумла дар ҳошияи суханони Алӣ Ҷумъа

Таҳлили хабарӣ

Чанд ҷумла дар ҳошияи суханони Алӣ Ҷумъа

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши аввал

Бино бар асли “Нигоҳ кун ба он чи гуфта шуда, на ба касе, ки онро гуфта”, коре надорам гӯяндаи ин сухан, ки биҳишт махсуси мусалмонон нест кист; оё Алӣ Ҷумъа аст, ки ӯро муллои ба истилоҳ, дарборӣ медонанд ва ё касе дигар, ҳар ки ҳаст, суханонаш дуруст ҳастанд ва айни он чиро, ки назари ислом аст мегӯяд.

Аммо ин ки чаро суханонашро дуруст медонам, дар чанд нукта баён хоҳам дошт:

1) Нуктаи аввал ин ки: мо, аксар ба иттифоқи мусалмонони имрӯз (ва ҳатто дар тӯли таърих), гӯли исму расмро хӯрдаем; гумон мекунем, ҳамин ки номи мусалмонӣ рӯйи мо ҳаст, аввалин шарти “наҷотёфтагон” ва шарти вуруд ба биҳишт ва ҷаннатро доро шудаем. Дар ҳоле, ки ин гумон ва пиндор, ки ба як ақидаи росих байни мусалмонон табдил шуда ва ҷузъи мусалламот гардида, аз назари Қуръон дуруст нест. Қуръон агар яҳуду насороро тақбеҳ ва сарзаниш мекунад, ба хотири ҳамин гуна гумонашон сарзаниш мекунад; мефармояд:

وَقَالُوا كُونُوا هُودًا أَوْ نَصَارَىٰ تَهْتَدُوا ۗ قُلْ بَلْ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا ۖ وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ

“Яҳуд ва насоро гуфтанд, ки ба ойини мо дароед, то роҳи рост ёбед. (Эй пайғамбар! Дар ҷавоби онҳо) бигӯ: балки мо ойини Иброҳимро пайравӣ мекунем, ки ба роҳи рости тавҳид буд ва аз мушрикон набуд.” (Бақара/135)

Яъне, меъёри дар роҳи рост будан, исму расм нест, ки ҳатман насоро ё яҳуд ва ё зардуштӣ ё мусалмонат бихонанд, балки милок маъност. Ин ки Қуръон ба пайравони ростини ҳазрати Муҳаммад (с), муслим мегӯяд, номаш муҳим нест, маънояш аҳаммият дорад. Муслим яъне таслимшуда. Ислом яъне таслим, яъне бе чуну чаро фармонбардори Худои ягона будан ва ба қавли Абулаълои Мавдудӣ, ҳамоҳанг будан бо тамоми мавҷудоти рӯйи олам, ки ҳамагон бидуни истисно мутеъ ва фармонбардори амри илоҳиянд.

Ояти 62 сураи Бақара, ки Алӣ Ҷумъа ба он истинод кардааст, айни ҳаминро мегӯяд. Хуб, оят чӣ мегӯяд, дар бахши баъдӣ онро тавзеҳ хоҳам дод.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мафҳуми худшиносӣ ва саодат
Муфтии собиқи Миср: “Шарт нест барои биҳиштӣ шудан мусалмон бошӣ”

Матолиби пурбоздид