Вуруди арманиҳои Боку ба Душанбе, сабаби асосии гирдиҳамоии феврали 1990 буд
Бахши дуввум
Нигоҳе ба торихи муосири Тоҷикистон
Дадоҷон Ёқубов
“Ин рӯз рӯзи оғози куштори дохилӣ аст, на аз тири хориҷӣ, балки аз тири масъулони дохилӣ мардуми бегуноҳ ҷон ба ҷонофарин супориданд. Аз рӯзи 12-ӯми феврал сар карда, боздошти ҳамоишгарон ҳам оғоз шуда, даҳҳо нафарро боздошт намуда зери шиканҷа қарор медиҳанд. Бегоҳии ҳамин рӯз соатҳои 21:40 фармони Президиуми Совет Олии ҶШС Тоҷикистонро оид ба вазъияти фавқулодда ва соати комендантӣ, радиою телевизион дар шаҳри Душанбе эълон кард…”
Нигоҳе ба воқеаҳои рӯзҳои аввали истиқлолият ва иҷлосияи изтирории 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2)
(Аз силсиламақолоти “Муаммои рӯз” ба қалами Дадоҷон Ёқубов)
Сабаби асосии гирдиҳамоии стихиявии моҳи феврали соли 1990, дар шаҳри Душанбе, ба арманиҳои аз шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон гурезашуда вобастагӣ дошт.
Дар аввалҳои моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе як ҳаводиси дурӯғ, яъне ба гурезаҳои арманиҳо, ҳукумати шаҳри Душанбе гӯё бе навбат хона (квартира) дода бошад. Вале масъалаи квартира, ки на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар тамоми ҷумҳурӣ, як муаммои сарпечида буд, ҳукумати шаҳри Душанбе, имконияти ба гурезаҳо додани хонаро надошт.
Мардуми шаҳри Душанбе ин овозаро шунида рӯзи 11-ӯми феврали соли 1990 ҳудуди 200 нафар ба назди майдони КМ ҲКТ сарорез мешаванд. Ва талаб мекунанд, ки Қ. Маҳкамов ба назди онҳо барояд ва ҷавоб диҳад, ки овозаҳо рост аст ва ё дурӯғ.
Қаҳҳор Маҳкамов мебарояд, ба ҳамоишгарон ҷавоб медиҳад, ки ин асос надорад. Вале ҳамоишгарон бовар намекунанд, як комиссияи муштарак ташкил карда мешавад.
Арманиҳо аз 21 то 24 январи соли 1990 ҳудуди 50 оила омада буданд, ки аз он қариб 50 дар сади онҳо дар хонаҳои хешовандони худ ҷойгир шуда буданд, ҳукумати шаҳри Душанбе, ҳамагӣ ба зиёда 20 оилаи онҳо, кумаки пули ночизе аз 35 сӯми то 80 сӯми расонда буду халос. Гирдиҳамомадагон аввал бо шиори » Нест бод арманиҳо! » мегуфтанд, ва пас аз он ки чанд оилаи арманӣ, нахостанд, ки сабабгори афзоиши низоъ гарданд, зуд шаҳри Душанберо тарк карданд. Издиҳом, қисме аз рафтани гурезаҳои арманиҳо огоҳи пайдо намуда бо нидои « Нест бод Маҳкамов!» гузаштанд.
Рӯзи 12 — ӯм комиссияе, ки ташкил шуда буд, тамоми минтақаҳои истироҳатӣ — фароғатии шаҳри Душанбе ва атрофи онро дида мебарояд…
Ҳамоишгарон ҳам, рӯзи 12 — ӯм ба талаби ҷавоби худ ҷамъ мешаванд, лекин инҷо камбудии роҳбарият буд, ки ба вақти ваъдагӣ набаромаданд, чунки он вақт, ҳозирҳам, мардум дар назди роҳбарият қадре надошт ва надорад.
Дар байни ҳамоишгарон хабарҳои дурӯғ паҳн шуд, ки гӯё Қ. Маҳкамов ба Маскав, ба иҷлосияи Шӯрои Олии ИҶШС рафта бошад. Хабари дигар аз рӯи гуфти майори бехатарии давлатӣ Абдулло Назаров, раиси КАДТ Владимир Петкел, ба Қ. Маҳкамов, гуё маслиҳат додааст, ки ба назди тӯдаи мардум набарояд, агар чунин бошад, инҷо иштибоҳи Қ. Маҳкамов аст, роҳбарият бояд, дар чунин ҳолатҳо, доимо бо мардум мешуданд.
Вале то баромадани Қ. Маҳкамов душман, кори худро кард, аз болохона ( чердак ) ва тирезаҳои ошёнаи болоии бинои КМ ҲКТ ба ҳамоишгарон соатҳои 3:27 — 3:30 тир холи карда, аввалин, қатл ва захмиҳо ба бемористон бо мошини ёрии таъҷилӣ интиқол дода мешавад.
Раҳбарияти Тоҷикистон натавонист, ки муколама роҳандозӣ кунад ва вазъро таҳти назорати худ бигирад. Барои муҳофизат аз ҳамоишгарони ба дод омада, бинои КМ ҲКТ бо мошинҳои зиреҳпӯш ва қисмҳои мусаллаҳи ВКД ва КАД иҳота карда шуданд.
Вақте, ки Маҳкамов мебарояд, аллакай фазои ноороми фаро гирифта буд, Маҳкамовро ҳеҷкас гӯш намекард, аз тарафи ҳамоишгарон ба тарафи Маҳкамов, на танҳо суханҳои дурушт, балки калӯш ғуррони шуд.
Байни ҳамоишгарон ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, задухӯрдҳо оғоз шуда аз дубинка, аз мошинаи обчоши ( водомёт ) ва гази ашковар истифода бурда мешавад, ки дар натиҷа ҳамоишгарон бо як ҳуҷум, нисфи этажи якуми КМ ҲКТ — ро мегиранд ва онро оташ мезананд.
Кормандони милитсия кӯшиш карданд, ки шаҳрвандонро бо тирандозӣ бо патронҳои холӣ ором созанд. Вале дар посух, мардум ба оташ задани дӯконҳои кӯча ва хароб кардани мағозаҳо шурӯъ карданд.
Хиёнат аз тарафи яроқдорони амниятӣ ба ҳамоишгарон оғоз мешавад, снайперчиён ва автоматчиҳо ҳамоишгарони бесилоҳро безарар мегардонанд. Аз ҷумла: Ҳабиб Шафиев, Камол Сайфитдинов, Абдураҳим Шарифов, Азам Шеров ва Саидаҳмад Муҳаммадиев, Суннатулло Икромов, Ҳикмат Содиқов, Дилшод Умаров, Амиршоҳ Аҳмадшоев, Равшан Каримов, Андрей Калугин, Абдулло Назаралиев, Маҳмадшариф Умаров ва Раҷабали Каримов ҷамъулҷамъ дар давоми се рӯзи хунин, тибқи иттилои расмӣ, 20 нафар (аз рӯи маълумоти дигар – 25) нафар кушта, ҳудуди 600 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки аз ин шумора 74 нафари онҳо аз яроқи оташфишони ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар ҳамин лаҳзаҳо, яке аз шоҳидони асоси, администратори » Ленфилм » Никита Матросов, аз тирезаи хонаи рӯ ба рӯи КМ ҲКТ, ба навор гирифта истада будааст, ки бо снайпер парронда мешавад, яъне шоҳиди ҳамоишро нест мекунанд. Инҷо ба хулоса омадан мумкин аст, ки майдон ва хонаҳои атрофи он пурра дар зери назорати кормандони амниятӣ буд. Чаро, чун ки касетаи ба навор гирифтаи Никита Матросов, ҳам бенишон гум мешавад, худашро мекушанд, касетаи наворро мегиранд шоҳид нест. Никита Матросов ба шаҳри Душанбе барои ба наворгирии филми » Кинки афғон » бо гурӯҳе аз шаҳри Ленинград омада буданд. Бо умеди он мегирифт, ки барои дар оянда истифода барад, мақсадаш навор гирифтан буд.
Пас аз Матросов, боз як нафар меҳмоне, ки ба аёдати модар омадааст, Наиля Негматуллина, ки хонаи модараш, воқеъ, дар рӯ ба рӯи ҳамоишгарон будааст, беэҳтиёткорона аз тирезаи хонаи модараш ҳамоишгаронро тамошо мекард, ӯро ҳам мепарронанд.
Ин рӯз- рӯзи оғози куштори дохилӣ аст, на аз тири хориҷӣ, балки аз тири масъулони дохилӣ мардуми бегуноҳ ҷон ба ҷонофарин супориданд.
Аз рӯзи 12 — ӯми феврал сар карда боздошти ҳамоишгарон ҳам оғоз шуда, даҳҳо нафарро боздошт намуда зери шиканҷа қарор медиҳанд.
Бегоҳии ҳамин рӯз соатҳои 21:40 фармони Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистонро оид ба вазъияти фавқулодда ва соати комендантӣ, радиою телевизион дар шаҳри Душанбе эълон кард…
Идома дорад…
Қаламонлайн