Чаро Исроил чашмбаста ҳама ҷоро мезанад?

Таҳлили хабарӣ

Чаро Исроил чашмбаста ҳама ҷоро мезанад?

Ёддошти Савйидюнуси Истаравшанӣ

Чаро Исроил алъон чашмбаста ҳамаро ва ҳама ҷоро мезанад?

Оё медонед, асли моҷаро чист?

Чаро Исроил имрӯзҳо чашмбаста ҳамаро ва ҳама ҷоро мезанад ва ба ҳеч хатти кирмизе қоил нест? Хусусан баъд аз сари кор омадани Тромп, ки барои Исроил иҷоза дода, ки ҳар коре, ки дилаш мехоҳад, бикунад? Илова бар Ғазза, ки ҳар соат бомбборонаш мекунад ва дигар ҳеч чиз дар он ҷо солим намонда, Сурия ва Лубнонро низ мезанад, ба сурати бисёр ваҳшатнок мезанад.

Оё фикр мекунед, далелаш Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ ва 7 октябр ва ин ҳарфҳост? Давлатҳои ҳампаймони Исроил – хусусан Омрико ва бисёре аз давлатҳои урупоӣ – ҳамеша вуҷуди Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ ва Меҳвари Муқовиматро тавҷеҳи рафторҳои ғайримантиқии Исроил муаррифӣ карда ва мекунанд. Албатта имрӯзҳо Туркияро низ изофа мекунанд. Онҳо мутаассифона дӯст надоранд, асли моҷароро ошкор созанд.

Сиёсатмадорони урупоӣ, ки ҷойи худ, ҳатто коршиносони “ҳамадони” худамон низ, ки аз асли моҷаро хабар надоранд (ва шояд огоҳ бошанд, аммо ба забон намеоваранд) низ тақсирро ба гардани Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ ва Меҳвари Муқовимат меандозанд, гӯӣ боварашон воқеан ҳамин аст. Ва ин ҷойи таассуф дорад, албатта аз асли моҷаро огоҳ нестанд, тақсирашон нест.

Хуб, ҳоло моҷаро чист?

Тавзеҳ ин ки: Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири кунунии Исроил, як сиёсатмадори маъмулӣ нест. Ӯ ҳатто ба як маъно, як раиси давлати ифротӣ ҳам нест. Моҷаро фаротар аз ин аст. Ӯ касест, ки аз даврони ҷавонӣ аз сӯйи хохомҳои бузурги яҳудияти саҳюнист ба унвони касе, ки пиёдакунандаи “башоратҳои” Талмуд хоҳад буд, баргузида шудааст.

Хохомҳои яҳудияти саҳюнист мӯътақиданд, Натонёҳу охирин подшоҳи яҳуд пеш аз зуҳури “Машиах” – Масеҳ, ки яҳуд мӯътақиданд, ӯ мунҷии яҳуд аст ва дар охируззамон зуҳур мекунад мебошад – аст. Онҳо мӯътақиданд, Натонёҳу ба унвони охирин подшоҳи яҳуд қабл аз зуҳури “Машиах”, бояд заминаи зуҳури “Машиах”-ро омода кунад ва яке аз заминаҳои он, барпоии “Исроили бузург” аз Нил то Фурот аст. Натонёҳу бовараш ин аст, ки то ҷануби Ироқ ҳамла кунад. Ба Тромп фишор меоварад, ки ҳукумати Мисрро низ мутақоъид созад, ки Синоро тахлия кунад.

Ду наворе, ки гузоштаам, яке марбут ба соли 1988 аст ва яке марбут ба 1990, ки Натонёҳу ҳанӯз намояндаи Кнессет аст ва бо як хохоми бузурги яҳуд дидор мекунад. Яъне ин ду навор аз ду дидор бо як фард аст. Фарде ба номи хохом Менахем-Мендл Шнеерсон (1902-1994) маъруф ба Ребе, раҳбари ҷунбиши ифротии саҳюнистӣ мавсум ба “Ҳасидизми навин” ва фирқаи “Хабад Любавич”. (https://www.chabad.org/…/The-Israeli-Journalist-Iran)

Шнеерсонро яке аз муҳимтарин ва бонуфузтарин ва қудратмандтарин чеҳраи ба истилоҳ “маънавӣ”-и яҳудияти саҳюнистӣ дар қарни 20-ум медонанд, чунонки саҳюнистҳо ба ӯ лақаби “Машиах” (Масеҳ) дода буданд.

“Хабад Любавич” ё силсилаи любавичҳо, дорои афкори ба шиддат хатарнок ва албатта шайтонӣ ҳастанд ва шуморе аз пажӯҳишгарони яҳудият ба он лақаби “канисаи шайтон” додаанд.

Канисаи “Хабад Любавич” дар воқеъ раҳбари маънавии насли “яҳудиёни хазарӣ” аст, ки дар моҷароҳои ҷанги Русия ва Укройн ва талош барои яҳудисозии ин кишвар ва табдили он ба “Исроили бузург” нақше асосӣ доштааст. Маркази фирқаи “Хабад Любавич” дар Киеви Укройн аст.

Дар навори аввал, дидори Шнеерсон бо Натонёҳуи ҷавон дар 19 апрели 1988 аст, ки Шнеерсон ба Натонёҳу мегӯяд, ки нахустин суханронии ӯ дар Кнессет бисёр хуб буд ва ӯ бояд ҳамин “роҳ”-ро идома диҳад ва ҳаросон нашавад, чаро ки “Худо” пуштибони ин роҳ аст, баракат ва тавфиқ ҳамроҳ бо ин “рисолат” аст.

Ӯ ба Натонёҳу мегӯяд: “Ту нақши тозаи худро шурӯъ кардаӣ”. Натонёҳу ҳам мегӯяд: “Ман дар шурӯъи корам, назди шумо омадам ва қасд дорам, ба шумо муроҷеа кунам.”

Дар навори дигаре, ки марбут ба 1990 аст, боз Натонёҳу ба ҳузури ин хохом мерасад. Ин бор Шнеерсон ба ӯ мегӯяд, ки “Машиах” (Масеҳ, ки мунҷии яҳуд аст) ҳанӯз зуҳур накардааст. Натонёҳу мегӯяд: “Мо дар ҳоли талош ҳастем” ва хохом бо таҳаккум мегӯяд, ҳатман талошҳои Натонёҳу кофӣ набудааст ва бояд лаҳзаеро дар роҳи тасреъи зуҳури “Машиах” ҳадар надиҳад.

Шнеерсон ҳамзамон бо ин суханон, баргаеро ба дасти ӯ медиҳад ва ба ӯ башорати ахбори хуб ва тавфиқоти бештар медиҳад.

Шнеерсон дар июни 1994 мурд. Бенёмин Натонёҳу дар соли 1996 ба нахуствазирии Исроил расид.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шабакаи густардаи ҷосусии Эрон дар Исроил
Дархости Тромп аз Сисӣ

Матолиби пурбоздид