Чашми хирад
Субҳӣ Ҷавҳаризодаро бишносем
Ҳусейнов Убайдулло мутахаллис ба Субҳӣ Ҷавҳаризода, 15-уми сентябри соли 1946 дар шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст.
Ӯ фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 1969 мебошад. Марҳум Субҳӣ ба касби омӯзгорӣ машғул буд, ҳамчунин муҳаррири барномаи маърифатии телевизиюни маҳаллии “Чароғи нур”, сардабири маҷаллаи байналмиллалии “Марворид” ва узви Иттиҳодияи нависандагон буд.
Субҳӣ Ҷавҳаризода муаллифи маҷмӯаҳои “Илҳом”, “Файзи чашма”, “Садоқати ишқ”, “Чашми хирад”, “Гӯсолаҷони амма”, “Тӯғёни дил” (Теҳрон 2004), “Чароғи нур”, “Ганҷи маъонӣ” (Теҳрон 2005), “Кошонаи дил” (Теҳрон 2007) аст.
* * *
Намунаҳое аз ашъори Субҳӣ Ҷавҳаризода:
Чун даргузарам, баҳори ман мемонад,
Дар дидаву дил хумори ман мемонад.
Асло набарам бағайри ҳасрат зи ҷаҳон,
Дар чеҳраи гул ғубори ман мемонад.
* * *
Надонистам
Ба дарди худ дар ин гулшан давоеро надонистам,
Зи бадаҳдону бадхоҳон сафоеро надонистам.
Агарчи шӯру афғонам гирифта олами ҳастӣ,
Зи маккорони ҳарҷорав зиёеро надонистам.
Бароям шӯълаи шамъи муҳаббат буд, парвона,
Шудам хокистару қалбошноиро надонистам.
Чу гаштам ман дар ин олам, надидам бовафоеро,
Вафо кардам ба кас, дилошноиро надонистам.
Ба хӯрдан луқмае нон буд, агарчи лоақал бар ман,
Бар ҳар кас ошно гашта, гадоиро надонистам.
Ба доми макри гетӣ соддадил афтодаам, Субҳӣ,
Ба ҳар коре, ки дил додам ҷудоиро надонистам!
* * *
Имом Аъзам
Имом Аъзам ба хоби хештан дидам,
Чароғи равшани ҳар анҷуман дидам.
Ба илму ҳикмат устоди замон буд ӯ,
Фурӯғи маҳфилу боғу чаман дидам.
Рабуда қалби мо гуфтори ширинаш,
Ба рағми шайтанат ҳам Аҳриман дидам.
Паямбарро бувад ӯ вориси содиқ,
Ливобардор дар дашту даман дидам.
Ҷаҳони тирарӯён гармрӯ кардаст,
Рақибонро ниҳон андар кафан дидам.
Ба ранги чашма дар ҷӯшу хурӯш ояд,
Чу ҳарфаш беҳтар аз дурри Адан дидам.
Фақеҳ асту шариатро нигаҳбон ӯ,
Ба гуфтораш равон ҳар марду зан дидам.
Гуноҳу ҳар хатоямро аён созад,
Бурун ҳар дарду сӯзе аз бадан дидам.
Ҷаҳон лабрез шуд аз ишқу имдодаш,
Гулафшонӣ ба ҷинси настаран дидам.
Зи баҳри дину оин ҷони худ додаст,
Варо чун ҷонфидое дар Ватан дидам.
Дуруди худ расон Субҳи ба ёронаш,
Чу ҳарфаш дар миҳан гулгулфикан дидам.
* * *
Метапад дил
Метапад дил дар ғами ҷононае,
Метапад дил баҳри як фарзонае,
Шеър мехонад дилам бо ёди ӯ,
Дар ҳавои шамъ чун парвонае.
Метапад дил аз ҳавои ахтаре,
Метапад дил аз нигоҳи дилбаре.
Ӯст шамсу ман гули хуршеди ӯ,
Ӯ чу моҳи тоза, ман исторае,
Метапад ин дил, ба роҳаш метапад,
Аз хиромаш, аз нигоҳаш метапад,
Аз сари мижгони ҳамчун ханҷараш,
Аз каломи ҷонфизояш метапад.
Ҷони ман бар ӯ фидояш метапад,
Аз чароғи дидаҳояш метапад.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: