Чин ҳимояти қатъии худро аз Куба эълом кард
Ахбори байналмилал
Чин аз Куба ҳимояти қотеъ эълон кард
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин – Го Ҷякун, бо ишора ба таҳдидҳои Амрико алайҳи Куба гуфт, Пекин қотеона аз Ҳовоно (Гавана) ҳимоят мекунад.
Ӯ дар нишасти хабарӣ таъкид кард, ки Чин ҳамеша мухолифи таҳримҳои якҷонибаест, ки асоси ҳуқуқии байналмилалӣ ё иҷозаи Шӯрои Амнияти Созмони Милалро надоранд.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин гуфт, Пекин бо истифодаи абзорҳои додгоҳӣ ва фишор ба Куба аз ҷониби қудратҳои хориҷӣ мухолиф аст.
Ӯ аз Амрико хост таҳримҳо ва иқдомоти додгоҳӣ алайҳи Кубаро қатъ карда, аз таҳдиди истифодаи нерӯи низомӣ худдорӣ кунад.
Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки додситонҳои федералии Амрико алайҳи Раул Кастро – раиси ҷумҳури пешини Куба, бо иттиҳоми даст доштан дар суқути ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ дар соли 1996 парвандаи ҷиноӣ ташкил доданд.
Қаламонлайн













