Чӣ гуна рӯзии худро афзоши диҳем?

Муҳоҷират

Чӣ гуна рӯзии худро афзоши диҳем?

Навмедӣ аз ғайри Худо

Паёмбари Акрам(с) фармудаанд:

“Ҳар кас аз ғайри Худо бибурад, Худованд махориҷи зиндагии ӯро таъмин мекунад ва аз ҷое, ки интизорашро надорад, рӯзиаш медиҳад”.

Қаноат ва миёнаравӣ

Амиралмӯъминин Алӣ(а):

“Қаноат сарвати бепоёнест, ки дар паи худ иззат меоварад”.

Хондани Қуръон

Сураҳои бисёре дар ривоёт ба унвони рафъи фақр, наҷотдиҳанда аз сахтӣ ва фаровон шудани рӯзӣ муаррифӣ шудаанд, мисли сураи Воқиа, Лайл ва Зориёт.

Некӣ ба хонавода

Аз Имом Содиқ(а) нақл шудааст, ки фармуданд:

“Касе, ки ба хонаводааш хуб эҳсон кунад, рӯзиаш зиёд мешавад”.

Садақа ва инфоқ

Амиралмӯъмини Алӣ(а) фармудаанд:

“Фуруд омадани рӯзиро бо садақа бихоҳед”.

Намози аввали вақт

Намозро ба таъхир наандохтан.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:

“Бандае нест, ки ба вақтҳои намоз аҳамият надиҳад, магар ин ки ман се чизро барои ӯ замонат мекунам: бартараф шудани гирифториҳо ва нороҳатиҳо, осоишу хушӣ ба ҳангоми марг ва наҷот аз оташ”.

Шурӯи кор дар оғози рӯз

Амиралмӯъминин Алӣ(а) фармудаанд:

“Субҳи зуд дар паи рӯзӣ рафтан, рӯзиро афзун мекунад”.

Ҳиммат ва тахассус

Муҳимтарин мавзӯъ, дар афзоиши рӯзӣ, доштани тахассус, ҳиммат ва тадовум доштан бар рӯи як коре аст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Абдулборӣ Атвон: Чаро режими саҳюнистӣ ба ҳамалоти яманиҳо посухе намедиҳад?
Ҳамлаи мушакии муқовамати исломии Ироқ ба бандари Ҳифо

Матолиби пурбоздид