Чӣ гуна хашму асабонияти худро маҳор кунем?

Адаб

Чӣ гуна хашму асабонияти худро маҳор кунем?

Сабки зиндагӣ

Гоҳе пеш меояд, ки мо аз чизе асабонӣ мешавем ва дар ҳолати хашму асабоният тасмимот ва иқдомоти нодурустеро анҷом медиҳем, ки баъдан мумкин аст бароямон пушаймонӣ ба ҳамроҳ дошта бошад.

Бинобар ин муҳимтарин мавзӯе, ки бисёре аз мо дар мавридаш фикр мекунем, ин аст, ки чӣ гуна хашму асабонияти худро маҳор кунам?

Ба ҳангоми асабоният, шахс ба даргирӣ ва ё корҳои хатарноке васаваса мешавад ва баъзан аз як мушкили кучак як кӯҳи бузурге месозад, ки барои раҳоӣ аз он, бояд товони сангине бидиҳад.

Барои он ки дар ин ҳолат қарор нагирем ва ҷони худ ва дигаронро ба хатар наандозем, бояд маворидеро, ки дар идома барои маҳор ва мудирияти асабоният ва хашм зикр мешавад, анҷом диҳем.

Аввалин роҳи мудирияти  хашм ин аст, ки мо дар паи шиносоии як равзана ва роҳи фирор аз асабониятамон бошем. Агар ба чизҳое, ки моро асабонӣ мекунад, фикр кунем, ҳатман дучори мушкил ва асабониятҳои пайдарпай хоҳем шуд.

Беҳтар аст, дар сурати асабоният саъй кунем, нафаси амиқ бикашем ва аз роҳҳои мантиқӣ барои рафъи мушкилоте, ки боиси асабонияти мо мешаванд, истифода кунем.

Бахшандагӣ ва фаромӯш карданро пешаи худ созем.

Бахшиш бузургтарин подзаҳр барои рафъи асабоният аст.

Агар мо ба асабониятамон иҷоза диҳем, ки дар мо нуфуз кунад ва ба ба афкори манфӣ идома диҳем, дар ниҳоят чизе ҷуз талхӣ, хашм ва бадбинӣ насибамон нахоҳад шуд.

Инчунин ба сухани дигарон гӯш диҳем, бо гӯш додан ба сӯҳбатҳои дигарон, фавран иртиботамон бо шахсе, ки бо мо дар ҳоли сӯҳбат аст, барқарор мешавад ва бо ин кор, нишон медиҳем, ки ба суханонашон гӯш медиҳем ва ба ӯ эҳтиром мегузорем ва ин боиси ҳамдили бештар мешавад ва монеи мушкилот дар муносибатҳоямон мегардад.

Аз роҳҳои дигари маҳори асабоният, ин ки мо оромишро тамрин кунем ва одатҳои нописанди гузаштаамонро ислоҳ намоем.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Миррих” ва диндорӣ
Интиқоди Лукошенко аз рӯйгардонии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Маскав

Матолиби пурбоздид