Шабакаи Алҷазира аз музокироти оташбас байни режими “Исроил” ва Ҳамос ба миёнҷигарии Қатар хабар дод
Ахбори байналмилал
Шабакаи Алҷазира навишт, музокирот барои тавофуқи оташбас ва такмили тавофуқи табодули асирон байни ҷунбиши Ҳамос ва “Исроил” бо миёнҷигарии Қатар ба суръат дар ҷараён аст.
Ин шабакаи қатарӣ ба ҷузъиёти бештаре дар ин бора ишорае накард.
Ин гузориш дар ҳоле мунташир шудааст, ки на муқовамати исломии Фаластин ва на Телавив ва на Қатар ҳеч баёнияе то ин лаҳза дар ин хусус содир накардаанд ва ин хабарро рад ё таъйид накардаанд.
Аljazeera
Қаламонлайн