Шайтон ҳам ба раҳмати беинтиҳои Худо умед бастааст…
Мавлоно чӣ қадр бузург аст!
Яке аз мавориди бисёр ҷаззоб ва зебои Маснавӣ он ҷост, ки Мавлоно матолибе аз забони Иблис мегӯяд, ки воқеан одам лаззат мебарад аз ин маворид, аз ҷумла аз забони шайтон мегӯяд:
Чанд рӯзе, ки зи пешам рондааст,
Чашми ман дар рӯйи хубаш мондааст.
К-аз чунон рӯйе чунин қаҳр, эй аҷаб!
Ҳар касе машғул гашта дар сабаб.
Шайтон мегӯяд, бо ин ки чанд рӯзест, ки ҳазрати Ҳақ маро аз пеши худ ронда, вале чашмонам рӯйи зебои ӯро, ки дида.
Билохира, қабл аз он ки ронда шавам, чанд сабоҳе дар хидмати он зеборӯй будам, дидаам чӣ қадр зебост!
Бинобар ин, баъид аст аз рӯйе ончунон қаҳре инчунин сар занад!
Яъне ӯ чунон зебост ва раҳматаш фарогир, ки мани Иблис ноумед нестам, ба раҳмати ӯ умедворам. Ва чун касе ноумед нест, ба ҳамин хотир ба баҳонае даровехта؟ масалан ба тоату ибодат машғул аст, то асбоби тоату ибодатро василаи тақарруб ба даргоҳи илоҳӣ кунад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн