Шайх Алӣ Қарадоғӣ раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон шуд
Ахбори Ҷаҳони ислом
Шайх Алӣ Муҳйиддин Қарадоғӣ дар шашумин нишасти давраии Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, ба унвони раиси ин иттиҳодия интихоб шуд.
Ба гузориши Ожонсии Anadolu, Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон дар сафҳаи Фейсбуки худ ин хабарро эълом карда ва овардааст: “Шайх дуктур Алӣ Муҳйиддин Қарадоғӣ бо касби 91.51 дарсади оро, ба унвони раиси ин иттиҳодия интихоб шуд.”
Бар асоси эъломи ин иттиҳодия, фароянди раъйгирӣ барои интихоби раиси Иттиҳодияи уламои мусалмон, муовинон ва аъзои шӯрои ҳайати уманои он, бо ҳузури 651 олим аз саросари ҷаҳон дар яке аз ҳутелҳои Дуҳа баргузор шуд.
Қарадоғӣ пеш аз ин дабири кулли ин иттиҳодия буд.
Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон шанбеи ҳафтаи ҷорӣ аз оғози фаъолиятҳои шашумин давраи нишасти маҷмаъи умумии худ таҳти шиори “Дини худро иқома мекунем, уммати худро эътило мебахшем ва муқаддасотамонро ёрӣ мекунем!” хабар дода буд.
Алӣ Муҳйиддин Қарадоғӣ олим ва фақеҳи курди ироқӣ аст, ки дар соли 1949 дар минтақаи Қарадоғ аз тавобеъи устони Сулаймония дар Курдистони Ироқ мутаваллид шуд. Ӯ тобеияти Қатар дорад.
Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон дар соли 2004 тавассути марҳум шайх Юсуф Қарзовӣ ва Абдуллоҳ ибни Бия, аз уламои аҳли суннат, Муҳаммад Воиззодаи Хуросонӣ, аз уламои ташайюъ ва Аҳмад ибни Ҳамад ибни Сулаймон ал-Халилӣ, аз уламои Ибозия ташкил шуд.
Қаламонлайн