Шайхи Алазҳар: “Ҳуқуқи занон дар исломро бояд бо натоиҷи Кунграи Фаронса муқоиса кард”

Шайхи Алазҳар: “Ҳуқуқи занон дар исломро бояд бо натоиҷи Кунграи Фаронса муқоиса кард”

Ҳуқуқи занон дар ислом

Шайх Аҳмад Тайиб, ки дар барномаи рамазонии вежа сухан мегуфт, изҳор кард: “Ҳарчанд бархе муаррихон бар ин боваранд, ки вазъияти занон дар сарзаминҳои араб қабл аз ислом ба далели вежагиҳои мардонагӣ ва шаҳомат ва ҳимояти онҳо аз заиф, нисбатан беҳтар аз сарзаминҳои дигар буд, аммо ҷомеаи арабӣ дар он замон, занонро аз ҳуқуқашон дар ирс маҳрум мекарданд”.

Вай афзуд: “Дар даврони ҷоҳилият мардон бо ҳар чанд то зан, ки мехостанд издивоҷ мекарданд ва духтарон ҳеч ҳаққе дар интихоби шарики зиндагии худ надоштанд. Ҳамаи инҳо дар канори зинда ба гӯр кардани духтарон чизе набуд; ҷойе, ки духтаронро ё ба хотири фақр ва ё ба хотири ҷилавгирӣ аз нанг, зинда ба гӯр мекарданд”.

***

Ҷиноятҳои фаросавиҳо дар ҳаққи занон

Шайхи Алазҳар дар идома гуфт: “Барои ин ки бифаҳмем Қуръони Карим ва дини ислом гӯйи сибқатро аз Ғарб дар мавзӯи такрими занон рабуда, бояд ҳуқуқи занон дар Қуръони Карим ва ҳуқуқи онҳо дар Кунграи фаронсавиҳо дар соли 585 мелодиро бо ҳам муқоиса кунем. Ҷойе, ки Кунграи фаросавиҳо ба ин натиҷа расид, ки занон сирфан барои мардон офарида шудаанд”.

Вай афзуд: “Замоне, ки ин кунгра баргузор шуд, Паёмбари Акрам (с) 15 сол доштанд ва фарёд бароварданд, ки зан махлуқе барои мард нест, балки “занон хоҳарони ҳақиқии мардон ҳастанд”.

Ат-Тайиб дар идома гуфт: “Паёмбар (с) бо омадани худ, ба ҳарҷу марҷи таъаддуди заваҷот поён доданд ва онро дар адади чаҳор маҳсур карданд, ки он ҳам ба шарти адолат аст. Эшон ҳамчунин ба ҳарҷу марҷи талоқ ҳам поён доданд ва эълом карданд, ки дар ирс, дар интихоби ҳамсар, дар омӯзиш ва мавориди дигар, ҳуқуқи худро доро аст”.

(Баргирифта аз: facebook.com/Sayyedyunus)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Радиои форсии BBC таътил шуд
Рубоӣ: Товуси баҳор

Матолиби пурбоздид