Шароити муҳоҷирони тоҷик дар Русия душвортар шудааст
Оё сафир мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро бартараф мекунад?
Ахбори минтақа
Дар шароити бисёр сахти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Давлатшоҳи Гулмаҳмаҳзода бо консулҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои бузурги Русия, аз ҷумла Екатеринбург Новосибирск, Санкт-Петербург, Уфа ва Хадамоти консулии сафорат сӯҳбат ва гуфтугӯи онлойнӣ анҷом додааст.
Дар ин гуфтугӯ масоили марбут ба фаъолияти корӣ ва шароити иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, мушкилоти онҳо дар фурудгоҳҳо ва марзҳо, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва бозгашти бамавқеи онон ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лозим ба ёдоварист, ки вазъи муҳоҷирони корӣ, бахусус зодагони Тоҷикистон, ки дар Русия, дар гузашта ҳам хеле вазнин буд, пас аз ҳодисаҳои хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” ва гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград, ки гумонбарони асосии он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, шароит барои муҳоҷирони тоҷик душвортар шудааст.
Azda
Қаламонлайн