Шарҳи ҳадисе дар мавриди сираи Паёмбари Аъзам(с)

Таърих

Шарҳи ҳадисе дар мавриди сираи мардумии Паёмбари Аъзам(с)

Маърифати исломӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи хеш ҳадиси зеринро шарҳ кард:

سم الله الرّحمن الرّحیم

أَخبَرَنَا ابنُ مَخلَدٍ قَالَ: أَخبَرَنَا الخَلَدِیُّ قَالَ: حَدَّثَنَا الحَسَنُ بنُ عَلِیٍّ القَطَّانُ قَالَ: حَدَّثَنَا عَبَّادُ بنُ مُوسَی الخُتَّلِیُّ قَالَ: حَدَّثَنَا أَبُو إِسمَاعِیلَ إِبرَاهِیمُ بنُ سُلَیمَانَ المُؤَدِّبُ عَن عَبدِ اللَّهِ بنِ مُسلِمٍ عَن سَعِیدِ بنِ جُبَیرٍ عَنِ ابنِ عَبَّاسٍ قَالَ: کَانَ رَسُولُ اللَّهِ (صَلَّی اللَّهُ عَلَیهِ وَ آلِه) یَجلِسُ عَلَی الأرضِ وَ یَأْکُلُ عَلَی الأرضِ وَ یَعتَقِلُ الشَّاةَ وَ یُجِیبُ دَعوَةَ المَملُوکِ عَلَی خُبزِ الشَّعِیرِ

(Амолии Тӯcӣ, маҷлиси 14-ум, саҳ.393)

عَن ابن عبّاس قال: کَانَ رَسُولُ اللَّهِ (صَلَّی اللَّهُ عَلَیهِ وَ آلِه) یَجلِسُ عَلَی الأرض

Ҳазрати Паёмбар (с) дунболи ин набуд, ки як фарше, чизе дошта бошад; дар масҷид, дар мулоқот бо як нафаре, ки дар байни роҳ бо эшон бархӯрд мекард ва мехост ду калима ҳарф бизанад, рӯйи замин менишаст.

وَ یَأْکُلُ عَلَی الأرضِ

Гоҳе ғизояшро ҳам ҳамин тавр, ки рӯйи замин нишаста буд, мехӯрд. Суфрае биандозанд ва одобе ва ташкилоте ва ҳоло як бушқобе, косае, чизе масалан. На! Ҳамин тавр рӯйи замин менишастанд ва ғизои соддае майл мекарданд.

وَ یَعتَقِلُ الشَّاةَ

Гӯсфанде фаразан доштанд, ресмони гӯсфандро дасташон мегирифтанд. “Яътақилу” аз “ъиқол кардан” аст, яъне онро нигаҳ доштан, гӯсфандро нигаҳ медоштанд. Хуб, ин хилофи шаън аст дигар; моҳо агар бошем, ҳоло як гӯсфанде ҳам дошта бошем, дастамон намегирем дар хиёбон ва кӯча. Ин бузургвор мекарданд ин корро.

وَ یُجِیبُ دَعوَةَ المَملُوکِ عَلَی خُبزِ الشَّعِیرِ

Гоҳе як ғуломе масалан нишаста буд як ҷойе рӯйи замин ва дошт нони ҷав мехӯрд, ҳазрат убур мекарданд, таоруф мекард, оқо, бифармоед, менишастанд ҳазрат паҳлӯи ӯ, намегуфтанд, шаъни мо нест, намешавад, муносиб нест.

Ин ки мо ин қадр мегӯем ва мешунавем, ки бояд мардумӣ бошем, яъне ин. Мардумӣ будан ба иддаъо кардан нест. Бо мардум, бо зиндагии мардум канор биёем, мисли мардум зиндагӣ кунем, бо табақоти мухталифи мардум унс бигирем.

Ин, маънои мардумӣ будан аст. Баъзе аз моҳо, ки ҳоло муъаммам ҳастем, агар масалан як одами зишаъне, одами мӯҳтараме бошад, хуб, салом алайк мекунем, гарм мегирем, агар коре бо мо дошта бошад, гӯш мекунем, оқо, як истихорае бикунед, Қуръонро дермеоварем ва як истихорае барояш мегирем. Агар як одами фурӯдасте бошад, як одами масалан (сатҳи) пойине бошад, на, эътино ва эҳтимоме намекунем.

Ин, хилофи сираи Расулуллоҳ аст. Сираи Пайғамбар ин аст, ки бо фуқаро ва бо зуъафо ва монанди инҳо канор меомад. Ба шуъуни зоҳирӣ ва он чизҳое, ки ба ҳасби зоҳир мӯҷиби ҷалолу шавкат ва ин чизҳост, аҳаммияте намедод. Вазъи зиндагии Пайғамбар ин тавр буд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамалоти ҳавоии “Исроил” ба Димишқ
Ислом ва ниёзҳои ҷаҳони имрӯз

Матолиби пурбоздид