Шатранҷ саҳнае аз зиндагист!
Обид Шакурзода
Шатранҷ – ин на як бозие фақат дар рӯйи тахта…
Ин ҷо зери сояи фарзину филҳо, вижагиҳое рӯнамо мешаванд, ки муҷиб ба пешгомии мо мегарданд:
1. Тафаккури роҳбурдӣ (истротежикӣ)
Шатранҷ – ин на ҳаракоти тасодуфии муҳраҳо. Он дарки амиқи истротежик ва пешбинии ҳаракатҳои ҳарифро тақозо мекунад. Дақиқан дар лидерӣ ҳам чунин аст – як сарвари муваффақ танҳо ҷилавтарро мебинад ва истротежии худро бо дарназардошти ҳама гузинаҳо (варинатҳо)-и мумкин шакл медиҳад.
2. Сабурӣ дар вазъиятҳои сахт:
Эътимод дар истротежии худ, бо вуҷуди мушкилоти муваққатӣ – ва ин ҷавҳари шатранҷу ҷавҳари раҳбарист.
3. Тавоноии баҳрагирӣ аз манбаъҳову имконот:
Шатранҷ ба шумо аз ҳар мавқеъияте ниҳояти истифода бурдан, тавзеъи манбаъҳо ва аз онҳо ба тарзи олӣ баҳрабардориро меомӯзад.
4. Риск кардан баҳри комёӣ
Шатранҷ, ки ҳар ҳаракати он хатарҳои хоссе дорад, ба шумо дар шароити мубҳаму кӯргиреҳ тасмимҳои ҷасурона гирифтанро меомӯзад.
5. Контрол бар эҳсосот:
Шатранҷ як бозии сабру хештандорист. Ҳангоми бозӣ муҳимм хунсардӣ аст, ҳатто замоне, ки муҳраҳои рақиб шуруъ ба таҳдид мекунанд. Ҳамин амр ба сарварон низ марбут мешавад, ки дар лаҳазоти бурузи буҳроне хунсарду ором бошанд.
Чашм аз тахта барканеду ба боло бингаред – ва шумо на танҳо шатранҷ, балки маҳоратҳои раҳбарии худро низ хоҳед дид, ки бо ҳар ҳаракате пешрафт кардааст.
Қаламонлайн