Шаҳиди сулҳ
Ба баҳонаи солрӯзи вилодат ва шаҳодати Устод Бурҳонуддин Раббонӣ
Устод Бурҳонуддин Раббонӣ 29 шаҳривари 1390 (20 сентябри 2011) дар манзили шахсияш воқеъ дар Вазиракбархони Кобул тавассути як такфирӣ ба шаҳодат расид ва пас аз он дар таърихи Афғонистон аз вай ба унвони “Шаҳиди сулҳ” ёд мешавад.
Имрӯз (20.09.2017) дар 15-умин солгарди шаҳодати Устод Бурҳонуддин Раббонӣ, раҳбари Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон, раиси ҷумҳури собиқ ва раиси Шӯрои Олии Сулҳи ин кишвар ва музокиракунандаи аршади давлати Кобул бо гурӯҳи Толибон қарор дорем.
Дар идома бахше аз зиндагиномаи вайро мутолиа мекунед:
Устод Бурҳонуддин Раббонӣ дар 29 шаҳривари 1319 (20 сентябри 1940) дар шаҳри Файзобод маркази вилояти Бадахшони Афғонистон мутаваллид шуд.
Ӯ дар соли 1342 шамсӣ (1963) аз Донишкадаи илоҳиёти Кобул фориғуттаҳсил шуд ва дар соли 1347 (1968) барои идомаи таҳсил ба Миср рафт ва дар Донишгоҳи Алазҳар ба таҳсил пардохт.
Вай пас аз пирӯзии муҷоҳидин ва шикасти давлати Наҷибуллоҳ Аҳмадзай дар 1 тири 1371 (28 июни 1992), тибқи тавофуқномаи гурӯҳҳои муҷоҳиди Афғонистон дар конфронси Исломобод, ба унвони дуввумин раиси ҷумҳури муваққати Афғонистон баъд аз давраи 2 моҳаи Сибғатуллоҳ Муҷаддидӣ, баргузида шуд.
Устод Раббонӣ аз соли 1389 ҳиҷрии шамсӣ (2010) то поёни умри худ, риёсати Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистонро, ки бо дастури Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури вақти ин кишвар ташкил шуда буд бар ӯҳда дошт.
Устод Бурҳонуддин Раббонӣ дар 29 шаҳривари 1390 (20 сентябри 2011) дуруст дар солрӯзи таваллуди худ дар остонаи 71-солагӣ, бар асари инфиҷори як омили интиҳорӣ ва такфирӣ дар манзили шахсияш ба шаҳодат расид.
istaravshani.com
Қаламонлайн













