Шаҳрванди Ҷумҳурии Ишқ

Адаб
Шаҳрванди Ҷумҳурии Ишқ
Гулрухсор
Ман шаҳрванди Ҷумҳурии ишқам!
Китоби сарнавишти маро
Бо савоби гуноҳ ишқхоҳ нигоштаанд.
Гувоҳномаи зодрӯзамро
Дар булӯри нигоҳ беиштибоҳ нигоштаанд:
Шӯъла дар санг,
Оҳ дар оҳанг,
Ранги берангӣ,
Ҳузни бемаргӣ,
Хуниву ҷонӣ,
Хокиву фонӣ,
Духти афсона, ҷовидона…
Озари озармоҳ, оташи оҳ,
Паёми Меҳргон бар Сада,
Шукуфае дар ҳавои боғи яхзада,
Сиришки рӯдбори хушк,
Зодаи барқи зимистон,
Хандаи гумгаштаи Хуршеди сарди Ошиқистон…
Ман шаҳрванди Ҷумҳурии ишқам!
Шаҳрванди ҷумҳурие, ки оинаи адолаташро
ғубор нест,
Оини пири фазлашро ҷаҳл ойинадор нест,
Ойинномаи меҳраш ҳарфи сактадор нест,
Шуураш аз дурӯғи шиор заҳрдор нест…
Ҷаҳолаташ ҳақорат накорад,
Нусраташ касофат наорад,
Шери ҷангали сиёсаташ рӯбаҳтабор нест,
Ёвари ҳақиқаташ ёва,
Довари адолаташ ришвахор нест…
Ман шаҳрванди Ҷумҳурии ишқам!
Дар қаламрави орифонаи Миллати ишқ
Дил қабила надорад,
Сафед сиёҳ нест,
Меҳр ҳилла надорад,
Макр сила надорад,
Бегуноҳӣ гуноҳ нест.
Барои фисқу фасод,
Дар васиқаи дод,
Чоҳ ҳаст, гоҳ нест, роҳ нест,
Барои рӯсиёҳу рӯсапӣ,
Варта ҳаст, дор ҳаст, ҷилвагоҳ нест…
Ман шаҳрванди Ҷумҳурии ишқам!
Парчамам боли ҳафтранги шаҳпарак аст,
Нишонаи рамзам ахтари шабнам дар барги тоҷгул.
Оҳанги Суруди Миллиямро
Офарида ҳазрати Булбул,
Таронаи Миллии ман,
Дар забони нигоҳи ман аст,
Офтоб бӯсахоҳи ман аст,
Чашми ошиқ додгоҳи ман аст,
Ишқ подшоҳи ман аст…
Ман шаҳрванди Ҷумҳурии ишқам!
Гулрухсор
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қазову қадар ба чӣ маъност?
Ҷанг – қиёмати хунин

Матолиби пурбоздид