Шеъре, ки завқ парварад

Адаб

Шеъре, ки завқ парварад

Абдураҳмони Абдуманнон

Адибони асил паёмбар ва паёмгузори замон ва насли хеш ҳастанд. На ба он сабаб, ки осорашон ба солномаву воқеаномаҳо шабеҳ бошанд, балки ба ин маънӣ, ки рўҳи замон ва умдатарин нишонаҳои маънавиёти ҳамзамонони хешро дар офаридаҳояшон акс менамоянд. На ба он сабаб, ки ба муносиботи воқеъоти расмӣ асаре менависанду ҳамсадоии худро ба иқдомоти мусаллатини замон иброз медоранд, балки ба ин маънӣ, ки дар офаридаҳояшон ҳастии таърихӣ, иҷтимоӣ ва рўҳонии халқро дар пайванди гузаштаву имрўзи ў метавонанд ҳувайдо намоянд. Ва ниҳоят, на танҳо ба он сабаб, ки анъаноти адабии гузаштаро идома медиҳанд, балки низ ба ин маънӣ, ки метавонанд дар заминаи он анъанот мактаб ва сабки адабии худро биёфаранд.

Аз масири ҳамин меъёрҳо ба эҷодиёти устод Мўъмин Қаноат бо назари тадқиқ бингарем, шахсияти халлоқӣ, маҳорати нигорандагӣ ва ҳунари барозандагии ў дар манзари шеъри кунунии тоҷикӣ хеле равшану барҷаста намудор хоҳад шуд.

Муҳаққиқони назми муосири тоҷик бар ин ақидаанд, ки шеъри мо аз нимаи солҳои 50 ва бахусус аз солҳои 60-и қарни гузашта ба марҳалаи тоза ворид шуд, ки моҳияти он аз зуҳури тағайюроти сифатӣ дар сохту таркиб, системаи образҳо ва сатҳи бадеиву эстетикии шеър иборат аст. Ин маҷро аслан аз эҷодиёти Ғаффор Мирзо, Аминҷон Шукўҳӣ ва Файзулло Ансорӣ шурўъ шуд, вале ба чанд иллат пеш нарафт. Аввалан, 16 шоирони мазкур дар тозакориҳояшон асосан ба таҷрибаи шоирони насли солҳои 30 (ба истилоҳ насли комсомол) ва эҷодиёти шоирони рус такя карда, истеъдоду маҳорати худододашонро то тавонистанд дар ҳамин замина сайқал доданд.

Сониян, онҳо ба назарияи реализми сотсиалистӣ сахт мусаллаҳ буда, аз ворид шудани аносири усулҳои дигари тасвир (мисли романтизм, сентиментализм, имажинизм ва ғ.) ба осорашон мепарҳезиданд.

Солисан, истеъдоди онҳо бо вуҷуди ҳамаи навовариву тозагўиҳое, ки доштанд, аз равияи маъмули шеъри тавсифӣ берун нарафта, пойбанди қолабҳои тафаккури бадеии расмӣ ва нимрасмӣ буд. Ва ниҳоят, дар осори онҳо рўҳи шеъри классикӣ, нафаси ҷонбахши каломи бузургони гузашта кам эҳсос мешуд, ки дуруштиву ноҳамвориҳои ашъорашонро суфтаву пухтатар гардонад. Ва шояд баъзе сабабҳои дигар ҳам дар ин миён бошанд.

Мўъмин Қаноат аз аввалин қадамҳояш дар ҷодаи шеър гўё ҳамин иллатҳоро мехост аз пеши роҳи худ бартараф бикунад. Ҳанўз дар шеърҳои шогирдонаи ў, ки аслан муқайяди мавзўъҳову тавсифҳои маълум буданд, кўшиши офаридани тасвирҳову таъбирҳои тоза ба назар мерасид. Масалан, дар шеъри «Ду гул» (1955), ки ба маъмултарини мавзўъҳои он замон – васфи духтарони пахтачин бахшида шудааст, банди ҷолибе ҳаст: Яке з-он аз сафедӣ нуқраи хом аст, пиндорӣ, Ба пояш пахтазорон чатри нилфом аст, пиндорӣ, Фурўзон рўи он худ ахтари шом аст, пиндорӣ, Дигар дар байни он манзар маҳи том аст, пиндорӣ. Чунон ки мебинем, дар ҳамин як шеъри шогирдона ҳам ташбеҳот барои назми он солҳо тоза ва нав буданд. 17 Ё ки шеъри «Пири гулфурўшон»-ро (1959) бигирем, ки шоир дар он чи хел мўҷаз ва нишонрас тасвири зиндаи манзараи баҳорони кўҳи Варзобро офарида: Кўҳи Варзобро чи даврон аст, Гўиё пири гулфурўшон аст. Ҷомаи беқасаб ба бар дорад. Локии шоҳӣ дар камар дорад, Саллаи суф гирди сар дорад, Сабади гул ба пеши бар дорад. Маҳорати тасвиркориҳои Мўъмин Қаноат баъдан дар шеърҳои маъруфи ў «Об мехўрад», «Обшор» такмил ёфта, дар шоҳкориҳояш «Нарав, қуи сафеди ман» ва «Ману шабҳои бехобӣ» ба дараҷаи эъҷози воқеъӣ расид. Ду шеъри охир аз лиҳози таносуби лаҳну оҳанг бо мазмун ва аз ҷиҳати хамоии (пластик будани) сухан умуман дар шеъри нави форсӣ камназиранд. Назари Қаноат ба рисолати шеър тадриҷан тағйир пазируфта, таваҷҷўҳаш ба мавзўъҳои муҳимми таърихиву иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар зоҳир шуд. Манзумаи «Шоир ва шоҳ», шеърҳои «Зиндаи ҷовид», «Эй шоири Сомон!», «Суруди охирин», «Қатли Восеъ» ва мисли инҳо дар корбасти мавзўъҳои таърихиву фалсафӣ барои офаридани достонҳои таърихимавзўъи ў «Тоҷикистон – исми ман» ва «Гаҳвораи Сино» заминаи мусоид фароҳам оварданд. Зимнан, ин ҷо мехоҳам як нуктаро таъкид бикунам, ки Мўъмин Қаноат тақрибан сӣ соли эҷодиёти худро пойбанди мавзўъҳои ҷашнӣ ва ҳадафҳои сиёсати замон кард. Достонҳои мазкур аслан маҳсули ҳамон платформаи сиёсати адабӣ мебошанд. Дар достони аввал панорамаи ҳаёти халқ дар масири як фосилаи муайяни таърих тасвир шудааст. Достони дуюм бошад, фалсафаи ҳаёт ва фаъолияти илмиву эҷодии Шайхурраис Абўалӣ ибни Синоро дар манзари таърихи пурошўби замони ў 18 аз лиҳози бадеӣ инъикос намудааст. Ҳамин равияи ҳамосаписандӣ самти асосии фаъолияти эҷодии устод Мўъмин Қаноат гардид. Аз ин гаравиш ҷанбаи лирикии истеъдоду эҷодиёти шоир сахт осеб дид. Маҳорати Мўъмин Қаноат дар эҳсос кардани мавзўъҳои муҳимми ҳастии халқ ва дар ибрози мавқеъи шоистаи гражданӣ нисбат ба тафсиру талқини ин мавзўъҳо қобили таҳсину тақдир аст. Бисёре аз мавзўъҳоеро, ки моҳияти иҷтимоӣ, таърихӣ ва сиёсӣ доранду шоирон аз солҳои 70 то имрўз ба онҳо гаштаву баргашта муроҷиат мекунанд, Мўъмин Қаноат ҳанўз дар солҳои 60 тарҳрезӣ карда буд. Шеъри машҳури ў «Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ»-ро ба хотир оред: Қанд ҷўӣ, панд ҷўӣ, эй ҷаноб, Ҳар чи меҷўӣ, биҷў. Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб, Ҳар чи мегўӣ, бигў. Форсӣ гўӣ, дарӣ гўӣ варо, Ҳар чи мегўӣ, бигў. Лафзи шеъри дилбарӣ гўӣ варо, Ҳар чи мегўӣ, бигў. Баҳри ман танҳо забони модарист, Ҳамчу шири модар аст. Баҳри ў ташбеҳи дигар нест, нест, Чунки меҳри модар аст. З-ин сабаб чун шўхиҳои дилбарам Дўст медорам варо, Чун навозишҳои гарми модарам Дўст медорам варо. Мўъмин Қаноат ин шеърро соли 1963 гуфта буд, вале мо баҳси се ва ё як забон будани забони форсиву тоҷикиву дариро охири солҳои 80 оғоз кардем. Ў бо меҳри бепоён, ниҳоят ширин ва дилнишин суханашро гуфт, 19 мавқеъ ва муносибаташро ба забони модарӣ ифода намуд, вале рўшанфикрони мо дар гузоришу ҳалли ин масъала аз баҳсҳои илмиву илмимаоб то низоъҳои маҳалливу гурўҳӣ расиданд. Аз шоирон низ чанд тан дар мавзўъи ситоиши забони тоҷикӣ шеърҳое навиштанд, вале бо оҳанги арбадаҷўиву ситезаписандӣ (аз устод Лоиқ, Бозор Собир то шоирони ҷавонтар). Баъзе мавзўъҳое, ки шоирони мо дар сари онҳо солҳои 70-80 бисёр гиру мон ва баҳсу талош карданд, низ дар бархе аз ашъори солҳои моқабли Мўъмин Қаноат зимни абёти лирикӣ хеле нишонрасу нозукадоёна баёни худро ёфта, вале азбаски аз рўҳияи пархошҷўёнаву ҳангоматалабона орӣ буданд, камтар мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифтанд. Масалан, ба мавзўъи Самарқанду Бухоро, тақдири таърихии ин ду маркази тамаддуни тоҷикон дар шеъри «Суруди охирин» чунин ишорае ҳаст, ки дар он сўзу гудози ниҳонии шоир ифода ёфта: Ба тундӣ хашми дарёям, Ба тамкин сабри саҳроям, Ба нармӣ чун дили ошиқ, Ба сахтӣ санги хороям, Ба савдо рафта дунё чун Самарқанду Бухороям, Макун дигар ту савдоям… Навиовариву навпардозии Мўъмин Қаноат дар системаи образҳои шеъри тоҷикӣ, дар сохт ва таркиби арўз, дар офаридани шаклҳои тоза ва эҳёи ашколи анъанавӣ бо мазомини нав дар навиштаҳои муҳаққиқони мо то андозае баррасӣ шудааст. Ҳамин қадар мехостам илова бикунам, ки дар шикастани мисраъҳо, дар истифодаи арўзи озод Мўъмин Қаноат қариб ҳамеша аз пайи таъкиду таъйиди маънӣ рафта, бо тақозои исту гардишҳои мантиқӣ сари ин корро гирифтааст. Шеърҳои «Хоби 20 қаҳрамон», «Давоми нек роҳатро», «Нарав, қуи сафеди ман», «Ману шабҳои бехобӣ», «Гули бодом» ва достони «Китобҳои захмин» аз ҳамин қабиланд. Достонҳои Мўъмин Қаноат дар таърихи адабиёти муосири тоҷик мақоми хоса доранд. Беҳтарин намунаҳои достони реалистии эпикӣ («Падар»), таърихиву фалсафӣ («Гаҳвораи Сино»), публитсистӣ («Тоҷикистон – исми ман»), лирикиву ҳамосӣ («Сурўши Сталинград» ва «Мавҷҳои Днепр») дар назми муосири мо ба қалами ў мансубанд. Нақши шеъри Мўъмин Қаноат дар парвариши завқи шоирони солҳои 60-80 ниҳоят равшан аст. Баланд шудани ҳисси масъулияти шоир нисбат ба шеъре, ки мегўяд, кўшиш ба риояти таносуб ва мантиқи сухан, бамавриду саҳеҳ истифода кардан аз захираи луғат ва таъбироти рехтаи забон, эҷодкорона ба кор бурдани имконоти дохилии арўзи тоҷикӣ ва қофия – ин ҳама ба замми истеъдоду табъ ва омўзиши шоирон омилҳое буданд, ки савияи шеъри моро дар ду-се даҳсолаи охир хеле баланд бардоштанд ва дар ин ҷода хидмати устод Мўъмин Қаноат ва саҳми шеъри ў шоистаи тақдиру таҳсин аст. Барои баланд шудани завқи хонанда ва афзудани таваҷҷўҳи мардуми мо ба шеър расм шудани бидуни қоғаз ё китоб, яъне аз ёд қироат кардани шеър аз ҷониби худи шоирон нақши муҳим бозид. Дар саргаҳи ин кор низ устод Мўъмин Қаноат меистод ва дигар шоирон аз ў нек пайравӣ карданд. Умуман, агар гўем, ки ҷавоншоирони солҳои 60-70-и қарни гузашта дар ибтидо ҳама аз мактаби шеъри Қаноат сабақ омўхтаву баъдан иддае пайроҳаҳои худро пайдо карданд, саҳв нахоҳад шуд. Ба ибораи дигар, ҳамаашон аз ҳамон лонаи шеъри Мўъмин Қаноат (ҳамчунон ки худи ў ва ҳамсолонаш аз лонаи шеъри Лоҳутиву Турсунзода) 21 болу пар бароварда, дар фазои бекарони шеъри тоҷикӣ ҳар кадом самтеву роҳеро интихоб кардааст. Дунёи шеъри Мўъмин Қаноат хеле рангин аст, ба қавли худи шоир, «бекарон баҳрест» ва ҳар ғаввос метавонад гавҳари дилхоҳ аз он биёбад, агар гавҳаршинос бошад. Роҳи устод Мўъмин Қаноат дар олами шеъри форсӣ пайравони бешумор дорад. Аминем, ки ин роҳ дароз хоҳад буд ва давоми нек хоҳад дошт.

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кӯмак ба шавҳар
Хушбахт зиндагӣ кунем

Матолиби пурбоздид