Шикаст

Адаб

Шикаст

Фирдавси Аъзам

Табарбадаст ки хандид, шохсор шикаст!

Паранда пар заду тақвим бебаҳор шикаст

Сипоҳи зоғу заған ҳамлавар шуданд, онгоҳ

Зи лона нола баромад, ғурури сор шикаст

Ҳуҷуми боди самум аз каронаҳо бархост

Ки рӯҳи ойинаи боғ аз ғубор шикаст

Ҷавонаҳо нашукуфтанд, худкушӣ карданд

Ва қалби захмии ҳар коҷу ҳар чинор шикаст

Дамид доғи надомат ба рӯи пешонӣ

Дар ин намоиши таҳқир, нангу ор шикаст!

Парандае ки гирифтор буд, менолид:

Дареғ! Пардаи номуси рӯзгор шикаст!

Сукут пушти сукут, оқибат чӣ шуд! Дидӣ?

Ғурур-мурда, шараф-пӯч, эътибор шикаст!

Тамоми умр фақат лоф аз ифтихор задем

Бубин чигуна кунун пушти ифтихор шикаст

Бубин, зи панҷаи тавҳини бодҳои шарур

Чароғи рӯшани иззат чи ногувор шикаст!

Санавбарон ба биёбон паноҳ оварданд

Шукӯҳи равзана аз сояи ҳисор шикаст

Чи ифтизоҳи бузурге, чи зулму таҳқире!

Ки пушти миллати якумр бурдбор шикаст!

Замон, замонаи зоғу табарбадастон аст

Чи буд ҳосили торихи ин диёр? Шикаст!?

Фирдваси Аъзам

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шароити муҳоҷирони тоҷик дар Русия душвортар шудааст
Ҳамлаи мушакӣ дар халиҷи Адан

Матолиби пурбоздид