Шириншоҳ Шоҳтемур – ҷоннисори миллат

Таърих

Шириншоҳ Шоҳтемур – ҷоннисори миллат

Номвар Қурбон, раиси Шӯрои олимони ҷавони

Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон

Шириншоҳ Шоҳтемур – ҷоннисори миллат

Миллати куҳанбунёду сарбаланди форс (тоҷик) аз бомдоди таърих масири паҳновар, вале мушкилгузару пурпечутоберо тай намуда, дар ҳамаи марҳилаҳои мураккабу душвор ин имтиҳони таърихро сарбаландона паси сар кардааст. Ҳанӯз аз аҳди қадим фарзонафарзандони миллати фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик роҳи фарҳангу маърифат ва илму донишро равшан карда, дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми назаррасе гузоштанд. Азбаски душманону бадхоҳони миллати шарафманди тоҷик дар замири нопоки хеш орзуи ғасби сарзамин ва маҳви илму фарҳанги онро мепарвариданд, ҳамеша барои рушду пешрафти он монеа эҷод менамуданд.

Албатта, дар ин раванд ва барои татбиқи нақшаю ҳадафҳои душманони миллат, худбохтагон, бегонапарастон ва аҷнабигароён, ки дар сурат намояндаи ин миллат ва дар сират морону каждумоне буданд, ба онҳо хиёнаткорона кӯмак намекарданд. Чунин муносибати аблаҳона, душманона, хиёнаткорона ва теша заданҳоро ба решаи миллати хеш аз ҷониби ин тоифа дар ҳама мароҳили таърихӣ бармало мушоҳида карда метавонем.

Хушбахтона, бо вуҷуди ин қадар ноҷавонмардию хиёнаткориҳо, дар тамоми лаҳзаҳои ҳассос, барои ҳалли мушкилоту раҳо ёфтан аз варта халқи шарифи тоҷик ҳамеша аз хиради азалии хеш кор мегирифт. Дар саргаҳи ин наҳзат ҳанӯз аз аҳди давлатдории Каёниёну Ҳахоманишиён, Сосониёну Сомониён, Саффориёну Тоҳириён, ­Ғуриёну Сарбадорон, Оли Курт то кунун ҳамеша шахсиятҳои миллатдӯсту меҳанпараст ва афроде, ки хидмат дар роҳи истиқлоли меҳану озодии миллатро бузургтарин арзишҳо ва ҳадафи ҳастии хеш медонанд, қарор доштанду доранд. Дар асри ХХ, ки миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари тоҷикро ду лаҳзаи бисёр ҳассос, марҳилаи душвор ва имтиҳони сангин пеш омад, зуҳури ин ҷавонмардони далеру шуҷоъ ва ҷасуру диловар миллати тоҷикро наҷот бахшиду меҳани тоҷиконро эҳё кард.

Пас аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки тамоми ҷомеаи башарӣ бар марҳилаи комилан нави давлатдорӣ ворид гардид ва ба тақсимоти дигарбораи ҷаҳон шурӯъ намуд, барои аксар халқияту миллатҳо мураккабию душвориҳои зиёдеро пеш овард. Аз ҷумла, Осиёи Марказӣ чун гавҳари кашфношуда ва дорои захираҳои бузурги табиӣ диққати тамоми абарқудратҳоро ҷалб намуд. Агар он замон абарқудратҳо бештар захираҳои табиию ҷанбаҳои моддиро фикр мекарданд, душманони миллати тоҷик низ кам набуданд, ки маҳви таъриху фарҳанги онро тарҳрезӣ менамуданд. Мисоли равшани инро дар Осиёи Марказӣ дар ҳузури сиёсӣ пайдо кардани пантуркистон ва ба ин марз интиқол додани ҷараёни пантуркизм, ки нимаи дуюми асри XIX дар Қрим таъсис ёфта буд, мушоҳида карда метавонем.

Аз ин рӯ, чун дигар халқияту миллатҳои ҷафодида, вазъияти сиёсию идеологӣ барои миллати тоҷик боз ҳам мураккабу душвор ва сангину вазнин шуд. Зеро монанд ба хиёнаткорону таҳмилгарони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта бо ҳузури пантуркистон дар Осиёи Марказӣ бисёре аз донишмандони аз нигоҳи этникӣ мутааллиқ ба миллати тоҷик (форс), чеҳра иваз карда, бештар аз бегонагон теша ба решаи худ заданд. Маҳз бо сабаби хиёнаткориҳои чунин палидону разилон марҳилае рӯйи кор омад, ки миллати куҳанбунёди тоҷикро хатари пурра аз байн рафтан ва фарҳангу тамаддуни онро комилан маҳв шудан, таҳдид мекард. Чунки он замон бо супориши яке аз тоҷикзодагони туркшуда Абдурауфи Фитрат дар Бухорое, ки 95%-и аҳолиаш тоҷикон буданд, бо забони тоҷикӣ ҳарф задан мамнӯъ гардид ва ҳар нафари бо ин забон ҳарф мезада панҷ сӯм ҷарима медод. Ин ва дигар хиёнаткорию ноҷавонмардиҳо болои сари мардуми тоҷики Осиёи Марказӣ рӯз аз рӯз бештар мегардиданд ва хатари нобудшавии миллат то рафт наздик мешуд.

Маҳз дар ҳамин марҳилаи ҳассоси барои яке таърихсӯз ва барои дигаре таърихсоз фарзонагони миллати сарбаланди тоҷик, ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров, Аббос Алиев, Абдуқодир Муҳиддинов (дар аввал пантуркист буд, бо фаҳмондадиҳиҳои аллома Айнӣ иштибоҳашро дарк кард ва ислоҳ шуд) ва дигарон бо далерӣ, ҷасорат ва шуҷоатмандӣ аз зуҳури хеш дарак доданд. Дар қатори ин ҷонфидоёни миллат ва таъсисгарони давлати навини Тоҷикистон ҷаҳду талошҳо ва заҳмату машаққатҳои беназири фарзанди фарзонаи миллат Шириншоҳ Шоҳтемур лозим ба ёдоварӣ ва шоистаи таҳсину офарин аст. Ва бо ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва ҳар нафаре, ки худро соҳибватану намояндаи ин миллати куҳанбунёд меҳисобад, баҳри таъмини истиқлолу озодии ин марзу бум чун Шириншоҳ Шоҳтемур гомҳо бардорад.

Дар шароите, ки пантуркизм ба авҷи аъло расида ва пайравони он, аз нигоҳи низомӣ, сиёсӣ ва идеологӣ комилан мусаллаҳ буданд, масъалаи миллиро матраҳ кардан аз доираи ақлу мантиқ берун буд. Зеро ҳар шахс хуб медонист, ки ба миён гузоштани масъалаи миллӣ (тоҷикият) ҳам аз ҷониби болшевикон ва ҳам аз тарафи пантуркистон қобили қабул набуд. Агар шахси аз тоҷик дифоъкунандаро болшевик «миллатчии буржуазӣ» гуфта, нобуд кунад, пантуркистон бошанд, аввалан, ӯро душмани дин эълон карда ва баъдан, зидди идеологияи ягонаи туркӣ хонда, аз байн мебурданд. Яъне, дар ин вазъияти мураккабу хатарзо баррасии масоили миллӣ, махсусан тоҷикият ва дифоъ аз арзишҳои миллӣ ба баҳои ҷон баробар буд.

Дар вазъияту шароите, ки дифоъ аз миллату меҳан сари сабзро барбод медод, Шириншоҳ ҳам метавонист, ки мисли афроди бешарафу худбохтае, чун А.Фитрат, А.Раҳимбоев ва дигарон, ба хотири зинда мондан, соҳиби обрӯву иззат шудан, дар назди ҳам болшевикон ва ҳам пантуркистон нуфуз доштану ба мақому мартабаи баланд расидан, аз баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ гузарад ва худро пантуркист вонамуд кунаду ба ин ҳама даст ёбад.

Шириншоҳ, ки дар байни кӯҳҳои устувору сарбаафлоки сарзамини тоҷикон тавлид ёфта ба воя расида буд, дар масири огоҳию бедории миллӣ ва ҳифзи истиқлолу озодии меҳан, чун кӯҳҳои ватани маҳбубаш устуворонаю сарбаландона қадам гузошт. Ӯ, ки марди далеру ҷасур ва таҳамтансирату қавиирода буд, аз вазъияти мавҷуда заррае наҳаросида, чанде аз фаъолони сиёсии тоҷикро ҷамъ оварда мегӯяд: «Дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор, илова бар ин, мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик таҳти ин вабои мудҳиш сару ҳисобашонро гум кардаанд. Тақдири одамонро набояд як гурӯҳи одамони оҷиз ҳал кунанд. Онҳо ҳуқуқ доранд ҷумҳурии мухтори худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем».

Ба ҳамин ҷаҳду талош Шириншоҳ Шоҳтемур ва фарзонагони ин миллат баҳри ташкили Тоҷикистон ва ба ин восита бароварда кардани орзуҳои чандҳазорсолаи миллати хеш камари ҳиммат бастанд ва дар ниҳоят худро қурбону миллати тоҷикро соҳибватан гардониданд. Аз ин рӯ, ҳар як қадами гузошта ва ҳар як хидмати ин абармарди майдони сиёсат дар масири таъсиси давлати миллӣ, амалисозии орзуи деринаи мардуми тоҷик, ҳастии худро қурбони эҳёи миллат намудан, бунёд гузоштан ба маорифи миллӣ ва таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ на танҳо шоистаи таҳсину офарини хушку холӣ, балки барои ҳар фарди огоҳу бедор ва миллатдӯсту меҳанпараст дарси бузурги сабақомӯз аст.

Аз ин рӯ, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ огоҳ будан аз зиндагӣ, фаъолияти давлатию сиёсӣ ва хидматҳои миллатсозию давлатсозии Шириншоҳ Шоҳтемур ҳам қарз асту ҳам фарз. Зеро ҳар як намояндаи миллати мо ва ҳар як ҳаммеҳани мо бояд бидонад, ки барои озодӣ ва истиқлоли ин марзу бум, сарварону диловарони миллатдӯсте, чун Куруши Кабир, Ардашери Бобакон, Абумуслими Хуросонӣ, Бобаки Хуррамдин, Исмоили Сомонӣ, Яъқуби Лайс, Тоҳири Ҳусайн, Ғиёсуддини Ғурӣ, Абдураззоқи Бошинӣ, Рукнуддини Марғонӣ, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳи ин абармардони майдони сиёсат ва шахсиятҳои давлатсозро идома медиҳанд, хеле ҷаҳду талош кардаанд ва аз ҷони хеш гузашта, миллату меҳанро ба соҳили мурод расонидаанд.

Бинобар ин, огоҳ будан аз паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ, кору пайкор ва хидматҳои мондагори саркардагони масири истиқлолу озодии миллат ва бунёдгузорони давлатҳои миллӣ, аз ҷумла Шириншоҳ Шоҳтемур мояи ифтихор ва сарфарозӣ хоҳад буд. Зеро тақдири миллату меҳан ин ҷавони огоҳу бедорро дар чунин вазъият ором гузошта наметавонист ва Шириншоҳ огоҳонаю ҳадафмандона ин роҳро интихоб кард.

Фаъолияти давлатию сиёсии ӯ аз лаҳзаи фаъолият дар шуъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогии шаҳри Тошканд оғоз меёбад, ки дар ин ҷо ба узвияти Ҳизби коммунисти (болшевикони) Россия пазируфта мешавад. Моҳи майи соли 1921, бинобар нарасидани озуқа дар шаҳрҳои Туркистон бо супориши Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Шириншоҳ дар ҳайати 500 «донишҷӯи пролетарӣ» дар тақсимоти озуқавории волости Дилварзини Хуҷанд ширкат варзидааст. Пас аз чанде ӯро ба КИМ-и Туркистон даъват намуда, дар ҳайати Сегонаи фавқулодаи ҳарбӣ-сиёсӣ барои барпо намудани Ҳокимияти шӯроҳо ҳамроҳи Т. Дяков ва Ҳ. Ҳусейнбоев ба Бадахшон (Помир) мефиристанд. То охири соли 1922 дар ин ҷо кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода мешавад ва пас аз бозпас хондани Т. Дяков ба Тошканд Шириншоҳро раиси Кумитаи инқилобии Помир интихоб менамоянд.

Дар баробари ташвиқи зарурати таъсиси кумитаҳои инқилобӣ дар Помир Шириншоҳ дар оғози фаъолият ба ислоҳоти замину об ва тақсими одилонаи он ба деҳқонон, таъсиси анборҳои захираи озуқа барои дастгирии камбағалон, ташкили мактабҳо барои маҳви бесаводӣ ва тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ шурӯъ менамояд.

Бо дарназардошти хизматҳои бенуқсон, донишу малакаи баланди корӣ соли 1924 ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Туркистон даъват гардида, инспектори зершуъбаи аққалиятҳои миллӣ дар шуъбаи тоҷикӣ таъин мешавад. Марҳилаи нави фаъолияти сиёсии Шириншоҳ маҳз дар ин ҷо оғоз меёбад. Ҳарчанд мақомоти ҳизбию давлатии ҷамоҳири Туркистон – Бухоро ва Хоразм баҳри амалӣ кардани тақсимоти марзию миллӣ корҳои зиёди ташкилию фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд, вале зимни шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳое, ки доир ба масъалаҳои миллӣ аз ҷониби КМ Ҳизби коммунисти Туркистон омода шуда буданд, Шириншоҳ доир ба мавҷудияти миллати худ, ҳамчун халқи асосию таҳҷойии Осиёи Марказӣ ҳатто ишорае ҳам пайдо накард. Чун шахсияти сар то по миллӣ буд, дарҳол дарк намуд, ки миллатгароён зери ниқоби сиёсати миллии ҳизб ва Ҳокимияти Шӯравӣ мақсади ташкил намудани давлати ягонаи туркиро дар Осиёи Миёна ба амал бароварданианд.

Албатта, чунин муносибат нисбат ба тақдири миллат Шириншоҳи миллатдӯсту меҳанпарастро ором нагузошт. Ӯ дар баробари Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров, Абдуқодир Муҳиддинов ва равшанфикрони миллӣ ба воситаи мактубу муроҷиатнома ба унвони Бюрои осиёимиёнагии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Россия ва КИМ-и Туркистон эътироф намудани ҳуқуқу манфиатҳои миллии халқи тоҷикро қотеона талаб кард. Далели равшан ва раднопазири ин гуфтаҳо «Гузориш ба Сталин дар бораи мавқеи маданӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад.

Сипас, давоми солҳои 1925-1926 Шириншоҳ дар вазоифи корманди масъули Инспексияи коргару деҳқони Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори КМ Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва ҳамзамон, Комиссари халқии молияи Тоҷикистон, роҳбари комиссияи ҳукуматӣ оид ба муҳофизати аҳолӣ ва барҳам додани ҳаракати босмачигарӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоб фаъолият кард. Солҳои 1926-1929 намояндаи доимии Тоҷикистон дар Шӯрои Комиссарони Халқии Ӯзбекистон таъин гардида, дар як вақт чун шунавандаи Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ ба номи И.В. Сталин таҳсил менамояд.

Соли 1929 фавран ба Тоҷикистон даъват шуда, котиби аввали Кумитаи ҳизбии вилояти Тоҷикистон, пас аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб мегардад. Соли 1932 барои такмили дониш ба шаҳри Москва меравад ва соли 1933 ба Тоҷикистон даъват гардида, то соли 1937 вазифаи раиси КИМ РСС Тоҷикистон ва ҳамзамон, яке аз муовинони раиси Комитети Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравиро иҷро мекунад.

Ин роҳбари хирадманду донишвар дар бунёд ва кушодани макотиби Шӯравӣ дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистони навташкил ташаббускори асосӣ буд. Зеро маъхазҳои зиёди таърихӣ собит менамояд, ки саволи аввалину дӯстдоштаи Шириншоҳ зимни сафару вохӯриҳо «Шумо мактаб доред?» будааст. Ӯ ҳамчун роҳбари миллатдӯсту меҳанпараст ба хубӣ дарк мекард, ки рушди босубот ва ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бе тарбияи кадрҳои болаёқату босаводи миллӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, таъсиргузор шудани сохти нав ва рушду пешрафти соҳаҳои фаъолиятро дар манотиқи мухталифи кишвар, пеш аз ҳама, дар маҳви бесаводӣ, бахусус, байни ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзои онҳо медид. Шириншоҳ худ мактабшинос буда, аз 17 ҳуҷҷати расмии мавҷудаи шарҳиҳолиаш, дар 5-тояш касби хешро коргар, дар 6-тояш омӯзгор, дар 1 ҷой педагог ва дар 5-тои дигар корманди ҳизбӣ навиштааст. Бо назардошти касбият ва зарфияти дониш муддате роҳбарии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба маҳви бесаводиро ба уҳда дошт.

Азбаски Шириншоҳ шахсияти миллатдӯст ва марди огоҳ буд, аз ин рӯ, ба ҳайси раиси Комиссияи таҳия ва қабули Конститутсия, Нишон, Парчами давлатӣ фаъолияти пурсамар дошт. Ҳамчунин, ин роҳбари донишманд дар саргаҳи ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳимми дигар низ қарор доштааст. Масъулият ва ҷуръати беандозааш буд, ки моҳи марти соли 1937 аз минбарҳои баланд ба муқобили вайронкунии қонуният, поймолкунии ҳуқуқи инсон ошкоро сухан кард ва беасос маҳбас шудани як қатор ходимони ҳизбию давлатиро маҳкум намуд. Дар баробари ин, Шириншоҳ Шоҳтемур баробари устодони бузург Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев ва Нисор Муҳаммад, дар поягузории матбуоти тоҷик, таъсис ва нашри аввалин рӯзномаҳо саҳми арзанда гузошт. Чун роҳбари давлат бо ҳамроҳии алломаҳо Айнӣ ва Лоҳутӣ соли 1934 ҷашни 1000-солагии ҳаммосасарои бузурги ҷаҳонӣ Ҳаким Фирдавсиро баргузор намуд, ки нишонаи баланди миллатдӯстию меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати хеш мебошад.

Аз ин рӯ, дар таърихи бунёдгузорӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизи мо Шириншоҳ Шоҳтемур аввалин фарзонафарзанди миллат аст, ки дар сатҳи олии сиёсӣ расман аз тақдири миллату меҳанаш дифоъ намудааст. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҳақ фармудаанд, ки «аз тоҷик будани худ ифтихор дошт ва аз рушду нумӯи Ватанаш меболид».

Бо вуҷуди ин ҳама хидматҳои мондагор, ҷаҳду талошҳо дар роҳи эҳёи миллат ва бунёдгузории давлати миллӣ бо ин сарвари миллатдӯсту меҳанпараст ба гирдоби фитнаю дасисаҳои иғвогарону ҳасудхӯрон афтод ва бо ҷурми «миллатчии буржуазӣ» ва «агентураи душман» аввал ба ҳасб гирифта ва сипас, аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС эъдом карда шуд. Ҳарчанд, пас аз 19 соли ба шаҳодат расидан, 11 августи соли 1956 бегуноҳии Шириншоҳ собит гардид, вале сад афсӯсу дареғ, ки ӯ аз ноадолатиҳои таърих абадан тарки ҷаҳон карда буд.

Хушбахтона, бо дамидани субҳи истиқлол ва вазиши сабои озодӣ миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар соли 1991 ба Истиқлоли комили сиёсӣ даст ёфт ва зимоми давлатдориро шахсияти таърихсозу давлатсозе, чун ниёгони сарбаланду шарафманди миллати хеш Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд, дар масири дигарбораи эҳёи таъриху тамаддун, илму фарҳанг, арзишҳову суннатҳои миллӣ ва гиромӣ доштани хотираи неки ҷонфидои миллат қадамҳои комилан нав гузоштанд. Бо назардошти хидматҳои мондагору саҳми бузургаш дар ташкил ва ташаккули давлатдории тоҷикон фарзанди фарзонаи миллат – Шириншоҳ Шоҳтемурро соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» ва соли 2006 бо унвони олӣ – «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ намуданд.

Номвар ҚУРБОН,

раиси Шӯрои олимони ҷавони

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Насиҳатҳои Луқмони Ҳаким ба писараш
Бонки Осиёии Рушд тасмим ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дорад

Матолиби пурбоздид