Шӯхи боданӯш
Мавлоно Сайид Зуфархони Ҷавҳарӣ
Қадаҳ дар даст омад маст, шӯхи боданӯши ман,
Ба истиқболи нозаш рафт аз сар ақлу ҳуши ман.
Ба ёди наргиси майгунаш азбас нолаоҳангам,
Садо гул мекунад мастона аз сози хурӯши ман.
Чунон вомондаам дар зери бори фикри абрӯяш,
Ки бошад осмоне ҳамчу моҳи нав ба дӯши ман.
Зи бас аз сурма мижгони сиёҳаш дорад истиғно,
Садои нолае аз Тур меояд ба гӯши ман.
Ба ҷуз дар базми май рози дилам равшан намегардад,
Биё то қулқули мино кунад шаҳри суруши ман.
Зи файзи маънии ҷамъияте дорам, ки во гаштан,
Надорад Ҷавҳарӣ, чун ғунча лабҳои хамӯши ман.
Мавлоно Сайид Зуфархони Ҷавҳарӣ
Қаламонлайн