Эрдуғон: “Мухолифонам ҳамҷинсгаро ҳастанд”

Эрдуғон: “Мухолифонам ҳамҷинсгаро ҳастанд”
Ахбори байналмилал
Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар остонаи интихоботи сарнавиштсози Туркия, мухолифонашро узви ҷомеаи LGBT донист ва гуфт, ки фақат худаш метавонад аз арзишҳои хонавода дар Туркия ҳифозат кунад.
Ба гузориши хабаргузории RT, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ки Камол Қиличдор Уғлу, раҳбари эътилофи опозисион ва Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ, узви ҷомеаи LGBT аст.
Эрдуғон дар таърихи 14-май интихоботи муҳиммеро пеши рӯ дорад ва аслитарин рақибаш Қиличдор Уғлу аст, ки аҳзоби опозисиони Туркияро дар эътилофи “Мизи 6-нафара” гирди ҳам овардааст.
Эрдуғон ҷомеаи LGBT-ро баромада аз тафаккури омрикоӣ ва урупоӣ медонад, ки бо арзишҳои мардуми Туркия бегона аст.
Ӯ гуфт: “Медонем оқои Камол як шахси LGBT аст, Ҳизби ҷумҳурихоҳ LGBT аст, Ҳизби “Хуб” LGBT аст, Ҳизби “демукротики халқҳо” LGBT аст.”
Ардуғон идома дод: “Мо дар “Эътилофи мардум” бо ин масъала муқобила мекунем. Хонавода барои мо муқаддас аст, хонаводаи қавӣ яъне миллати қавӣ. Муҳим нест онҳо чӣ мекунанд, Худо барои мо кофӣ аст!”
Эрдуғон Қиличдор Уғлу ва муттаҳидонашро пеш аз ин ҳам ҳомии ҷомеаи LGBT муаррифӣ карда буд.
Ва ин дар ҳоле аст, ки Қиличдор Уғлу ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароён маҳсуб намешавад, аммо ваъда дода, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия, “Конвенсияи Истонбул”-ро дубора барқарор кунад.
Ин конвенсия дар соли 2011 тавассути Иттиҳодияи Урупо ва 45 кишвари дигар имзо шуд ва ҳадафи он, тақвияти муҷозотҳои қонунӣ барои хушунат алайҳи занон аст, аммо Туркия дар соли 2021 бо баёни ин ки “бархе аз ин конвенсия барои оддисозии ҳамҷинсгароӣ” истифода мекунанд, аз он хориҷ шуд.
Сулаймон Суйлу, вазири кишвари Туркия, дар моҳи феврал дар бораи Қиличдор Уғлу ва муттаҳидони ин чеҳраи барҷастаи опозисион гуфт: “Онҳо саъй доранд, ки ҷомеаи Туркияро ба номи LGBT, аз ҳувияти ҷинсӣ тиҳӣ кунанд. Агар Қиличдор Уғлу мехоҳад худаш ва муттаҳидонашро аз назари ҷинсӣ беҳувият кунад, бигузоред бикунад, аммо хонавода барои мо муҳим аст; зан барои мо муҳим аст; мард барои мо муҳим аст.”
Ӯ дар гуфтугӯи радиоӣ дар моҳи гузашта гуфт, ки LGBT издивоҷи инсонҳо бо ҳайвонҳоро ҳам шомил мешавад ва дар идомаи LGBT ва фаъолони ин ҳавзаро таҳти контроли комили Амрико ва Аврупо хонд.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикматҳое аз Саъдии Шерозӣ
Ду се ҷумла дар остонаи солгарди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум

Матолиби пурбоздид