Эрдуғон: Натонёҳу ба унвони “ҷинояткори ҷангӣ” муҳокама хоҳад шуд

Эрдуғон: Натонёҳу ба унвони “ҷинояткори ҷангӣ” муҳокама хоҳад шуд

Ахбори байналмилал

Аljazeera

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки Бенёмин Натонёҳу дар ниҳоят ба далели таҳоҷуми мудовими Исроил ба навори Ғазза ба унвони ҷинояткори ҷангӣ муҳокама хоҳад шуд.
Раиси ҷумҳури Туркия дар суханронии худ дар нишасти Кумитаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истамбул гуфт:
“Ғазза сарзамини фаластинӣ аст ва ҳамеша мутааллиқ ба фаластиниҳо хоҳад буд”.
Эрдуғон бори дигар аз нахуствазири Исроил ба унвони “қассоби Ғазза” ёд кард.
Эрдуғон афзуд: “Натонёҳу – қассоби Ғазза дар муқобили дурбинҳо эътироф кард, ки аҳдофи тавсиаталабонаи ӯ танҳо ба Ромуллоҳ ва Ғазза маҳдуд намешавад. Бинобар ин дифоъ аз Ғазза ва Фаластин имрӯз ба маънои дифоъ аз Байтулмуқаддас, Макка, Мадина, Димишқ, Истамбул ва соири шаҳрҳои исломӣ аст”.
Аljazeera
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исроил: Натонёҳу ба ҷурми фасоди молӣ муҳокима хоҳад шуд
Guardian: Ҳоливуд ҳунармандони ҳомии Фаластинро муҷозот мекунад

Матолиби пурбоздид