Эрон: Партоби муваффақиятомези капсули зистӣ

Эрон: Партоби муваффақиятомези капсули зистӣ
Ахбори илмии байналмилал
Вазири иртибототи Эрон аз партоби муваффақиятомези капсули зистӣ (спускаемый аппарат)-и бумӣ хабар дод ва афзуд, ки то поёни сол хабарҳои хуше аз ҳавзаи фазоӣ дар роҳ аст.
Ба гузориши Ирно, Исо Зореъпур, вазири иртибоботи Ҷ И Эрон гуфт: “Ҷадидтарин капсули зистии кишварамон бо як партобгари бумӣ бо муваффақият партоб ва озмоишҳои барномарезишуда барои он бо муваффақият анҷом шуд”.
Вай афзуд: “Ин капсули зистии 500 килоӣ ва партобгари он, дар ростои таҳаққуқи нақшаи роҳи тарҳи эъзоми фазонаварди эронӣ ба фазо ба дасти донишмандони кишварамон тарроҳӣ ва сохта шудааст”.
Ин капсул барои ҳамли инсон ба фазо аст ва Созмони фазоии Эрон қасд дорад то охири соли шамсии ҷорӣ бо ин капсул ба фазо одам эъзом кунад.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе гузаро ба тамаддуни исломӣ – 2
Қонуни ҷадиди Амрико: “Зиддият бо саҳюнизм, баробар бо яҳудиситезӣ”

Матолиби пурбоздид