Эътирозот дар Исроил густардатар мешавад

Эътирозот дар Исроил густардатар мешавад

Ахбори байналмилал

Ҳооретз – рӯзномаи исроилӣ гузориш додааст: Доираи эътирозот дар Исроил густардатар мешавад.

Дар моҳҳои гузашта даҳҳо шаҳр аз шимол то ҷануби Исроил, аз ҷумла Тел-Авив, Ҳайфо, Қудс ва дигар шаҳрҳо, саҳнаи тазоҳурот алайҳи кобинаи рости ифротгарои Натонёҳу ва лоиҳаи “Ислоҳот дар дастгоҳи қазоии Исроил” будааст.

Рӯзномаи Ҳооретз дар ин бора гузориш медиҳад: Барномаҳои муътаризон, густариши доираи эътирозот, афзоиши тахаллуфи неруҳои захираву довталаб аз хидмат дар артиш, фишор бар ширкатҳои бузург ва ташаккулҳои коргарӣ ва талош барои эҷоди эътисоб дар Исроил барои лағви раванди қонунгузории ислоҳоти қазоиро ташкил медиҳад.

Ин рӯзномаи исроилӣ пешбинӣ кардааст, созмондиҳандагони эътирозот дар ҳоли барномарезӣ барои фаъолиятҳои мустамар дар ҳафтаҳои оянда ҳастанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Соате барои худ
Қирғизистон шароити муносиб барои сармоягузорони хориҷӣ эҷод мекунад

Матолиби пурбоздид