Эътирофи дабири кулли Иттиҳодияи Араб: “Башшор Асад пирӯзи ҷанги Сурия аст!”
Ахбори байналмилал
Аҳмад Абулғайт, дабири кулли Иттиҳодияи Араб, дар гуфтугӯ бо шабакаи “Ал-Ҷадид” таъкид кард, ки Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, бо шикасти мухолифони Сурия барои вуруд ба Димишқ, пирӯзи набард дар ин кишвар шуд.
Вай афзуд: “Беҳтар буд қабл аз аҷала кардан ва ба ҳолати таълиқ даровардани узвияти Сурия дар Иттиҳодияи Араб, як фурсат ба низоми Сурия дода мешуд”.
Абулғайт тасреҳ кард: “Агар ман дар он замон дар Иттиҳодияи Араб будам, маҳол буд иҷоза диҳам чунин иттифоқе биафтад”.
Вай дар хусуси дидор бо Башшор Асад баён кард: “Агар узвияти Сурия дар Иттиҳодияи Араб муҷаддадан фаъол шавад, бо Башшор Асад дидор хоҳам кард”.
Абулғайт идома дод: “Тамоюли низоми Сурия барои бозгашт ба курсии худ дар Иттиҳодияи Араб тайи давраи ахир афзоиш ёфта, аммо ин масъала ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст”.
Вай дар хусуси ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳизбуллоҳ дар Сурия гуфт: “Эрон дохил дар Иттиҳодияи Араб нест ва аз он берун аст ва ҳаққи дахолат дар онро надорад, аммо дар хусуси Ҳизбуллоҳ вазъ фарқ мекунад. Мо чӣ бихоҳем ва чӣ нахоҳем, Ҳизбуллоҳ ҷузъи ҷудонопазири Лубнон аст ва дар ҳукумат ҳузур дорад, ин ҳизб дар Сурия ҳаст”.
Гуфтанист, ба тозагӣ ва баъд аз тавофуқ миёни Теҳрон ва Риёз, Арабистони Саудӣ дар ростои пазириши гом ба гом ва бозгашти муҷаддади Сурия ба ҷаҳони араб, Файсал Миқдод, вазири умури хориҷаи Сурияро ба Риёз даъват кард, пас аз он низ Файсал бен Фарҳон, вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ ба Димишқ сафар намуд ва бо Башшор Асад раиси ҷумҳури ин кишвар низ дидор ва гуфтугӯ кард. Ҳамзамон, Тунис ва Сурия дар иқдоме мутақобил, суфарои ҷадиди худро дар ду кишвар таъйин карданд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн