Эътирофи НАТО: Ҳамкориҳои Чин ва Русия назми ҷаҳониро барҳам мезанад

Эътирофи НАТО: Ҳамкориҳои Чин ва Русия назми ҷаҳониро барҳам мезанад

Ахбори ҷаҳон

Столленберг – дабири кулли НАТО, эътироф намуд:

Ҳамкориҳои Чин ва Русия назми ҷаҳониро барҳам мезанад.

Дабири кулли НАТО, Столленберг, эътироф намудааст, ки ҳамкориҳои Русия ва Чин, назми барқарор намудаи ғарбро таҳдид мекунад.

Ӯ инчунин гуфтааст, Русия ва Чин хостори назми ҷаҳонии ҷадид ҳастанд.

Столленберг гуфтааст: Ҳақиқат он аст, ки онҳо арзишҳои моро ба иштирок намегузоранд ва дар талош барои дифоъ аз манофее ҳастанд, ки эътиқоди мо ба озодӣ ва демократиро нақз мекунад.

Аз назари вай, худдории Пекин аз маҳкум намудани амлиёти низомии Русия алайҳи Украина, шоҳиди аслии иттиҳод миёни Пекин ва Маскав дониста мешавад.

Раиси Ҷумҳурии Русия пештар гуфта буд: Назми ҷаҳонӣ дар ҳоли тағир аст ва ҷаҳон дар ҳоли гузор ба самти назми чандқутбист; танҳо кишварҳое мухолифи ин гузор ҳастанд, ки мехоҳанд султаи худро ҳифз кунанд ва назми ҷаҳониро таҳти мудирияти хеш дошта бошанд.

Инчунин Путин афзудааст, асосан кишварҳои фақир зарбаи бештарро аз сиёсатҳои султаҷӯёна ва таҳримҳои ғарб таҳаммул мекунанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рӯзи Модар
Дил аз ҷафои душман даркаш

Матолиби пурбоздид