Эътирофоти ҷосуси исроилӣ 

Эътирофоти ҷосуси исроилӣ 

Ахбори байналмилал

Эътирофоти такондиҳандаи ҷосуси дастгиршудаи Мусод (Моссад) ва CIA дар Ироқ
Элизабет Цуркова, шаҳрванди Исроил, ки чанд моҳ пеш дар Ироқ нопадид шуда буд ва сипас маълум гардид, ки аз сӯйи Ҳизбуллоҳи Ироқ боздошт шудааст, дар видеое, ки бомдоди имрӯз (14 ноябр) аз ӯ мунташир шуд, эътироф мекунад, ки ба унвони ҷосуси Мусод ва созмони CIA (ЦРУ), дар талош барои эҷоди ихтилоф миёни шиъаёни Ироқ будааст.
Ин видеоро, ки расонаҳо ба нақл аз сойти Ҳизбуллоҳи Ироқ мунташир кардаанд, банда (С.И.) ба далели маҳдудият аз тарафи ФБ мутаассифона наметавонам гузорам, вале хулосаи он чиро ин ҷосус ба он эътироф карда, бароятон пешкаш мекунам.
Гуфтанист, ин эътирофот барои нахустин бор баъд аз нопадид шудани ин ҷосус дар Ироқ мунташир шудааст. Манобеъи исроилӣ пештар иддао карда буданд, ки Цуркова як “муҳаққиқи исроилӣ-русӣ” буда, ки ба унвони гардишгар ба Ироқ сафар кардааст.
Цуркова мегӯяд: “Ман як шаҳрванди исроилӣ ҳастам. 37 сол дорам. Ман Исроилро тарк кардам ва ба Омрико рафтам. Барои Мусод ва CIA кор мекардам. Барои эҷоди равобит миёни Исроил ва Нерӯҳои демукротики Сурия (курдҳо) дар шимоли шарқи Сурия фаъолият доштам. Соли 2022 ба онҷо рафта будам”.
Элизабет Цуркова дар идома изофа мекунад: “Ман ба унвони нерӯи вобаста ба Мусод ва CIA дар Ироқ, бар сари масъалаи ихтилофот ва тақвияти ин ихтилофот аз тариқи ҳамоҳангии тазоҳурот дар Ироқ – тазоҳуроти “Тишрин” – фаъолият доштам. Мо дар талош барои тақвияти ихтилофот ба манзури эҷоди ҷанг байни шиъаён дар Ироқ будем”.
Цуркова меафзояд: “Ман ба хубӣ рӯйдодҳои Ғаззаро дунбол мекунам. Рӯйдодҳои Ғазза аз ҷумла куштори кӯдакон, занон ва мардон ва ҳамла ба бемористонҳоро ба сурати рӯзона пайгирӣ мекунам. Ин сиёсат мунҷар ба эҷоди танаффур миёни мо ва мардуми Фаластин дар Ғазза мешавад ва ба сулҳ бо Ғазза мунтаҳӣ намешавад. Ин мудирияти аҳмақонаи кобинаи Натонёҳу аст, ки мунҷар ба ин фоҷеа ва идомаи ҷанг мешавад”.
Ӯ идома медиҳад: “Ман аз хонаводаҳои афроди гаравгони исроилӣ дар Ғазза мехоҳам, ки ҳамеша барои таваққуфи ҷанг дар ин минтақа дар такопӯ бошанд; барои духтарон ва писаронатон. Ин ҷанг мунҷар ба кушта шудани онҳо мешавад; ҷанге, ки Натонёҳу ба сурати аҳмақона онро аз тариқи Соро – ҳамсараш ва писараш Йоир Натонёҳу мудирият мекунад. Агар мехоҳед писарон ва духтаронатон зинда бозгарданд, ҷанг бояд мутаваққиф шавад”.
Элизабет Цуркова дар бахши дигаре мегӯяд: “Ман барои хидмат ба Мусод ва CIA ба Ироқ омадам ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 7 моҳ аст, ки дар асорат ба сар мебарам. Ба Исроил хидмат кардам ва фикр мекунам барои озодии ман ҳеч иттифоқе наафтода ва ҳеч иқдоме сурат нагирифтааст”.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Беаҳамиятӣ ва бетаваҷҷуҳии Исроил ба қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ
Сафари Раисӣ ва ҳайъати ҳамроҳ ба Тоҷикистон 

Матолиби пурбоздид