Эҳдои таҷҳизоти амрикоӣ ба Тоҷикистон
Ахбори минтақа
Амрико таҷҳизоте ба арзиши 6.5 миллион доллар, барои тавлид ва интиқоли энержӣ ба Тоҷикистон эҳдо кард.
Дар маросиме бо ҳузури сафири Армико ва вазири энержии Тоҷикистон, таҷҳизоте ба арзиши шашу ним миллион доллар дар заминаи тавлид ва интиқоли энержӣ, ба Тоҷикистон эҳдо шуд.
Ин таҷҳизот шомили 59 континер, трансформатор ва дигар лавозими электроникӣ, меконикӣ ва фаннӣ аст, ки бо ҳадафи таъмин ва интиқоли барқ эҳдо шуд.
Вазири энержии Тоҷикистон Усмонзода дар гуфтугӯ бо хабарнигорон тавзеҳ дод: Як истгоҳ бо ин трансформаторҳо қодир аст, ниме аз барқи шаҳри Душанберо таъмин кунад.
Ҳамчунин вазири энержӣ изофа кард: Ҳамкории ду кишвар (Тоҷикистон ва Амрико) ба ин барнома маҳдуд намешавад ва барномаҳои дигар, дар сатҳи минтақа, аз ҷумла пружаи CASA-1000, аз авлавиятҳои ҳамкории мо дар заминаи энержӣ аст. Инчунин пружаҳоеро дар заминаи сохти чандин ниругоҳи кучаки барқии обӣ дар дастури кори худ қарор додаем.
Пружаи CASA-1000 барномаест, ки насби интиқоли хутути энержии барқ, байни Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистонро дарбар мегирад ва будҷаи он ҳудуди як миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Қаламонлайн